Виктор Баранов
Виктор Баранов | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 11 июни 1901 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 26 июли 1970 (69 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Навъи фаъолият | афсари низомӣ |
| Намуди қушун | саворанизом[d] |
| Рутба | сипаҳсолор |
| Фармондеҳ | 1st Guard Cavalry Corps[d] |
| Ҷангҳо | |
| Ҷоизаҳо | |
Баранов Виктор Кириллович (11 июни 1901, деҳаи Шереметовкаи ноҳияи Сизрани вилояти Куйбишеви Русия — 26 июли 1970, Днепропетровск, Украина) — арбоби низомӣ, генерал-лейтенант (1945), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1937). Яке аз муборизони фаъоли зидди босмачигарӣ дар Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1930—1935 сардори мактаби полки савораи тоҷик буд, забони тоҷикиро хуб медонист. Солҳои ҶБВ (1941-45) дар вазифаҳои баланди роҳбарии Артиши Шӯравӣ хидмат карда, то дараҷаи командири корпус расидааст. Корпуси мазкур таҳти роҳбарии Виктор Баранов соли 1945, дар ҳайати Ҷабҳаи якуми Украина ҳангоми гузаштан аз дарёи Элба, корномаи бемисле нишон дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамла ба Берлин нақши муҳим бозидааст. Баъди пирӯзии ҶБВ дар вазифаҳои гуногуни низомию давлатӣ дар Украина кор кардааст.
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ленин, Суворов, медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Герой Советского Союза. Краткий биографический словарь. М., 1987.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баранов Виктор Кириллович / Б. Аҳмадов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 11 июн
- Зодагони соли 1901
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 26 июл
- Даргузаштагони соли 1970
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо