Jump to content

Барбадосҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барбадосҳо
Сукунат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Барбадосҳо, бейҷенз — мардуме, ки аҳолии Барбадосро ташкил дода, ҳамчунин дар ИМА, Британияи Кабир, Канада ва дигар давлатҳо интишор ёфтаанд.

Бо лаҳҷаи маҳаллии забони англисӣ гап мезананд. Алифбояшон лотинист. Шумораи умумии Б. дар аввали садаи 21 зиёда аз 350 ҳазор нафар буда, наздики 250 ҳазор нафарашон дар Барбадос иқомат доранд. Динашон, асосан, насронӣ (англиканҳо, католикҳо ва диг. равияҳо), иддае пайрави дину ойини африқоӣ мебошанд. Зиёда аз 90 дарсади Б. сиёҳпӯст буда, аҷдоду сарнаслашон ғуломонеанд, ки асрҳои 17-19 аз Африқо оварда шудаанд. Қисми дигари онҳо аврупоӣ буда, гузаштагонашон англистабор мебошанд. Дастае аз ҳиндуҳову мулатҳо ва хитойиҳо низ бо Б. омехтаанд. Б. гурӯҳи сафедпӯст ҳам доранд, ки авлоди бадарғашудагони англис (садаҳои 17-18) мебошанд. Асоси хоҷагидории Б.-ро парваришу коркарди найшакар ташкил дода, инкишофу равнақи сайёҳӣ ба назар мерасад. Дар маданияти Б. омезиши урфу одатҳои анъанавии Африқову Аврупо мушоҳида мешавад. Эҷодиёти шифоҳии Б. ба фолклори умумии Африқо такя дорад. Б.-ҳо дӯстдорони рақсу мусиқӣ буда, чунин тарзи зисту эҷодкорӣ дар байни онҳо хеле равнақ ёфтааст.