Барбадос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барбадос
англ. Barbados[1]
фр. la Barbade[2]
словакӣ: Barbados[3]
белор.-класс. Барбадас
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Pride and Industry»
Суруди миллӣ: «In Plenty and In Time of Need»
Забонҳои расмӣ инглисӣ ва Bajan Creole[d]
Пойтахт Бриҷтаун
Масоҳат 200-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 439[4] км²
Аҳолӣ
 · Баҳо (2010) 277,821[5] нафар (180-ум)
 · Зичӣ 660 наф./км²
Воҳиди пул Доллари Барбадос
Интернет-домен .bb
Рамзи ISO BB
Рамзи КБО BAR
Пешшумораи телефон +1246
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d] ва America/Barbados[d][6]

Барбáдос (англ. Barbados) — давлат дар Вест-Индия, дар ҷазираи ҳамном; дар ҳайати ҷазираҳои Антили Хурди Уқёнуси Атлантик. Масоҳаташ 431 км2, аҳолиаш 300 ҳазор нафар (2010); зичии миёнаи аҳолӣ 660 нафар дар 1 км2. Пойтахту бандари асосӣ – Бриҷтаун. Аз лиҳози маъмуриву ҳудудӣ ба 11 округ тақсим шудааст. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (30 ноябр). Воҳиди пулӣ – доллари Барбадос.

Сохти давлатдорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинои парламент

Сардори давлат Маликаи Британияи Кабир мебошад, ки онро дар ҷазира генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Ҳокимияти қонунгузорӣ ба парламент, ки аз Палатаи Ассамблея (28 узв, ба таври 5 сол ба таври интихобӣ интихобшуда) ва Сенат (21 сенатор, ки онҳоро генерал-губернатор таъйин мекунад) иборат аст, вогузор карда мешавад. 12 аъзои сенат бо пешниҳоди сарвазир, 2 нафар бо тавсияи раҳбари ҳизби оппозисиюн дар палатаи поёнии парламент, 7 нафар бо салоҳдиди шахсии генерал-губернатор таъйин карда мешаванд.

Ҳокимияти иҷроияро ҳукумат бо сардории сарвазир, пешвои ҳизби аксарияти парлумонӣ, ки онро генерал-губернатор тасдиқ мекунад, амалӣ мекунад. Ҳизбҳои сиёсӣ: Ҳизби кории Барбадос — аз соли 1994 ҳукмронӣ мекунад; Ҳизби Демократии Коргар; Ҳизби Миллии Демократӣ.

Тағирот ба конститутсия метавонад ҳамчун санади парлумон қабул карда шавад, ки онро ҳарду палата қабул кардаанд, ба истиснои моддаҳои асосие, ки барои онҳо аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳои ҳар як палата кофӣ аст. Чунин бандҳои асосӣ муқарраротро дар бораи шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ва озодиҳо, генерал-губернатория, ҳайати парламент ва ҷаласаҳои он, таътилот ва парокандаҳо, интихоботи умумӣ, таъйини сенаторҳо, иҷроияи Барбадос, суд, хидмати давлатӣ ва молия дар бар мегиранд.

Системаи ҳуқуқӣ ба қонунҳои мурофиаи англисӣ асос ёфтааст, ба истиснои он, ки конститутсияи хаттӣ дар болои парламент эътироф шудааст; илова бар ин, Додгоҳи олӣ ва додгоҳи таҷдиди назар вуҷуд дорад. Дар баъзе ҳолатҳо, ба Шӯрои хусусии Британияи Кабир муроҷиат карда мешавад.

16 сентябри соли 2020 сарвазир Миа Моттли изҳор дошт, ки бо даст кашидан аз қудрати Бритониё Барбадосро ба ҷумҳурӣ табдил медиҳад. Онҳо тасмим доранд, ки тағйири мақоми давлатиро дар Барбадос то 55-умин солгарди истиқлол аз Бритониё то моҳи ноябри соли 2021 ба анҷом расонанд.[7].

Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Пляж наздикии Бриҷтаун, Барбадос

Релйефи Барбадос асосан мусаттаҳ буда, ба самти марказ баланд шуда меравад (кӯҳи Ҳиллэби, баландиаш 336 м аз сатҳи баҳр). Баъзе ҷойҳои танаи ҷазираро рифҳои марҷонӣ иҳота кардаанд. Бештари соҳил бо реги сафеди гулобитоб пӯшида шудааст. Захираҳои начандон калони нафту газ дорад.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлимаш тропикию пассатӣ. Ҳарорати миёнаи сентябр +27°С, феврал 25°С. Моҳҳои июл–октябр мавсими боронгарист (бориш – то 1400 мм дар як сол). Дар соҳилҳо зуд-зуд тӯфон рух медиҳад. 96%-и оби истифодашавандаро аз чоҳҳои зеризаминӣ мегиранд. Ҷангалзорони тропикии ҷазира қариб пурра нобуд шудаанд (танҳо дар ҳудуди 30 га дар Таммерс-Ҳолл маҳфуз мондаанд). 64 дарсади ҳудуди Барбадосро заминҳои корам ишғол кардаанд. Хокаш латеритии ҷигаритоб, ҳосилхез. Олами ҳайвоноташ ноқис: асосан маймунҳои сабзранг ва росу (мангуст) (дар замонаш – садаи XVII аз Африқои Ғарбӣ оварда буданд), 2 намуд кӯршабпарак, 40 намуд паранда (бузургҷуссааш – куланги сафед) дар оби наздики соҳилҳо – моҳии паррон. Дар минтақаи ботлоқии Грэмхел барои ҳифзи парандагон ва намудҳои нодири наботот мамнӯъгоҳ таъсис дода шудааст. Масоили экологӣ – ифлосшавии обҳои наздисоҳилӣ ба сабаби ба миқдори зиёд ҷамъ шудани партовҳо.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

9–10 ҳиссаи аҳолии Барбадос авлоди ғуломони африкоинажоданд; 16 дарсад метисҳо (дурагаҳо), 4 дарсад сафедпӯстон, боқимонда мулатҳо ва осиёиҳо. 67 дарсади аҳолӣ муътақидони протестантизм, 4% – католикҳо, ба миқдори кам намояндагони динҳои ислом, яҳудӣ, ҳинду мебошанд. Забони расмӣ – англисӣ, лаҳҷаи маҳаллии бэйҷен низ роиҷ аст. Дарозии миёнаи умр – 73,5 сол.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз садаи V сар карда дар ҷазира қабилаҳои ҳиндуёни Амрико – аравакҳо ва карибҳо маскун шуданд. Ҷаз. Барбадосро соли 1518 испаниҳо кашф карда, ба вай ин номро гузоштанд ва онро мустамликаи хеш эълон карданд. Испаниҳо қисми зиёди аҳолии Барбадосро ба ҷаз. Эспанӣола барои кор фармудан дар конҳо мебурданд. Соли 1605 ба ҷазира англисҳо омада, парвариши найшакарро ба роҳ монданд. Соли 1637 Барбадос ба мустамликаи Англия табдил дода шуд. Барои парвариши найшакар аз Африқо бештару бештар ғулом меоварданд. Соли 1838, баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ, Барбадос ба худидории дохилӣ ноил гашт. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1930) аҳволи Барбадосро, ки асосан бо парвариши найшакар ва истеҳсоли шакар машғул буд, хеле бад кард. Баъди рух додани шӯришу балвоҳо, комиссияи шоҳигарии Британия ба ҳукумати метрополия тавсия дод, ки баъзе табаддулот гузаронад (легализатсияи иттифоқҳои касаба, иҷозати озодона фаъолият кардани ҳизбҳо). Соли 1938 Ҳизби лейбористии Барбадос, соли 1955 Ҳизби демократии лейбористӣ таъсис ёфта, соли 1951 ҳуқуқи интихоботи умумихалқӣ эълон шуд. Солҳои 1958–64 Барбадос дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буда, 30 ноябри 1966 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси иқтисодиёти Барбадосро содироти шакар (300 сол ин ҷониб) ва сайёҳӣ ташкил медиҳад. Ба шарофати ривоҷ ёфтани соҳаи сайёҳӣ Барбадос дар байни давлатҳои ҳавзаи Баҳри Кариб сатҳи зиндагии аз ҳама баланд дорад. Дар Барбадос ММД (ППС) дар соли 2010-ум 6,175 млрд ва даромад ба ҳар сар аҳолӣ 22,296 доллари амрикоиро ташкил дод. Аз панҷ чаҳор ҳиссаи аҳолӣ дар хонаҳои хусусӣ зиндагӣ мекунанд. Саноати сабук ва хӯрокворӣ (истеҳсоли консерва, ром, маҳсулоти тамоку), коркарди найшакар ва нафт, васлкории таҷҳизоти электронӣ, инчунин истеҳсоли барқ (бо истифода аз нерӯи Офтоб ва маводди сӯхт, – асосан пояи найшакар), моҳидорӣ тараққӣ кардааст. Барои рушди соҳаи саноат 10 парки индустриалӣ таъсис додааст, ки дар онҳо иҷорапулии корхонаҳои истеҳсолиро давлат пардохт мекунад. Барои истифодаи дохилӣ сабзавот (помидор, батат, ямс, маниок, сабзӣ, карам, бодиринг, каду ва ғайра) кишт карда, мева (манго, грейпфрут, авокадо, гелос, гуайя – қисман содир мешавад) мепарваранд. Барбадос шакар, ром, дигар маводди саноати хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, гул, шарбат; инчунин пахта, маводди кимиёӣ, ҷузвҳои электронӣ содир ва автомобил, маводди сохтмон, маводди ғизоӣ ва ғ. ворид мекунад. Тиҷорати офшорӣ тараққӣ кардааст. Дар Барбадос наздики 8 ҳазор ширкати офшорӣ (аз ҷумла қариб 500-тоашон бо суғурта машғуланд) ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 60 бонки офшорӣ бо даҳҳо млрд доллари амрикоӣ амалиёт мебаранд. Аз соли 1987 Биржаи хазинавӣ фаъолият дорад, ки дар он саҳмияҳои наздики 30 ширкати дохиливу хориҷӣ ва облигатсияҳои ҳукуматӣ гардиш мекунанд.

Соҳаи тандурустӣ тараққӣ карда, маркази калони тиббӣ – шифохонаи Шоҳбону Елизавета (547 кат), 12 дармонгоҳ, 4 хонаи пирсолон фаъолият доранд; назди канселярияи сарвазир комиссияи мубориза алайҳи СПИД амал мекунад. Варзиш низ тараққӣ кардааст. Барбадос ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 1955 пазирфута шуда, варзишгарон аз соли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Намудҳои голф, регби, асптозонии варзишӣ ва поло, серфинг, қаиқронӣ, моҳидории варзишӣ, теннис маъмул буда, крикет намуди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаббачаҳо дар Сент-Филип, Барбадос.

98 дарсади аҳолӣ саводнок аст. Маълумоти ибтидоӣ дар синни 4–11-солагӣ, миёнаи пурра дар синни 11–18-солагӣ дода мешавад. Барои бачагони 16-сола маълумоти ҳатмии ройгон муқаррар шудааст. Мактабҳо асосан давлатианд, таълимгоҳҳои хусусӣ низ фаъолият доранд. Соли 1968 Коллеҷи иҷтимоии Барбадос кушода шуд, ки дар он аз рӯйи 9 ихтисос таълим медиҳанд. Дар Барбадос коллеҷҳои омӯзгорӣ ва технологӣ, академияи тиҷоратӣ (хусусӣ), шуъбаи минтақавии Донишгоҳи Вест-Индия амал доранд.

Дар Барбадос рӯзномаҳо (асосиаш «The Barbados Advocate», соли 1895 таъсис ёфтааст), ҳафтавори «The Broad Street Journal», моҳвораи «Caribbean Week» (дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Ҷопон низ паҳн мешавад) нашр мешаванд, 7 пойгоҳи радио, телевизиони давлатӣ, якчанд телевизиони симӣ (кабелӣ) (дар маҷмӯъ дорои 100 шабака) фаъолият доранд.

Адабиёти халқ[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳои осори шифоҳии мардуми таҳҷоии Барбадос дар лаҳҷаи маҳаллӣ – бэйҷен ва адабиёти хаттӣ ба забони англисӣ эҷод шудаанд. Ҳарчанд асрҳо ин адабиёт як ҷузъи адабиёти музофотии англис ҳисоб меёфт, бо ҳақиқати ҳаёти ин маҳал, яъне бо Барбадос ҳеч иртибот надошт. Мавзӯъҳои миллӣ танҳо дар шеърҳои солҳои 40–50 ва насри солҳои 60 садаи XX эҷодшуда садо доданд (масалан, дар эҷодиёти насрнавис Ҷ. Лэмминг ва шоиру мунаққид Э. Брэсуэйт). Аввалин китобхонаи оммавӣ соли 1847 ба кор даромада, шабакаи давлатии китобхонадорӣ танҳо соли 1985 ба роҳ монда шуд; Китобхонаи калонтарини миллӣ дар пойтахт ҷойгир буда, дар 7 музофот шуъбаҳои он фаъолият доранд.

Санъат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳарчанд санъати тасвирии Барбадос аз садаи XIX маншаъ мегирад, санъати назарраси муосир, солҳои 50 садаи XX ташаккул ёфтааст: дар манзаранигорӣ Г. Спилер ва В. Коллектор; дар тасвири баҳр ва соҳилҳои он Г. Паркинсон ва К. Блэкет; дар муҷассамасозӣ К. Блэкман (дар чӯб) зуҳур кардаанд. Аз с. 2000 маҷ. «Art Barbados» нашр мешавад, ки дастовардҳои санъати тасвирии Барбадосро инъикос мекунад. Дар санъати меъмории асрҳои 17–19 бештар анъанаҳои биносозии англис ҳукмрон буд. Аз се ду иншооти бинои таърихии мавҷуд дар Нимкураи ғарбӣ, ки бо услуби меъмории ба ном «якобӣ» (дар Англияи садаи XVII шакл гирифта буд) бино ёфтаанд, маҳз дар Барбадос пойбарҷо мондаанд (бинои аббатигарии Николайи Муқаддас ва қаср-работи Дрок-Ҳолл). Ибтидои садаи XX санъати меъмории Барбадос таҳти таъсири услубҳои испанӣ, фаронсавӣ ва ҳиндӣ монда, биноҳо назарработар гардиданд. Дар мусиқӣ таъсири усулу услубҳои африқоӣ эҳсос мешавад. Жанрҳои ҷаз, калипсо, навохтани таблакҳои пӯлодин маъмуланд. Ҳар сол дар мавзеи Ҳолитаун фестивал барпо гардида, бо иштироки ҳунарпешагони барбадосӣ ва хориҷӣ консертҳои мусиқии маҳаллӣ, халқҳои Амрикои Лотинӣ ва классикӣ ташкил мешаванд, намоишномаҳои операвӣ ва драмавӣ рӯйи саҳна меоянд. Инчунин ҳар сол дар Барбадос фестивали филмҳои синамогарони Африқо ва халқҳои маскуни Баҳри Кариб баргузор мешавад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Культура Латинской Америки. Энциклопедия. М., 2000;
  • Малые латиноамериканские страны: смена экономической модели. М., 2002;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]