Барзах
Барзах (ар. برزخ) — макони миёнҷие, ки дар байни олами моддиву муҷаррад (абстракт) қарор дорад; чизе, ки дар миёни ду ашёи ба ҳам муқобил воқеъ аст ё миёни ду чизи зидди якдигар.
Асоси барзах дар дини ислом дар фалсафаи калом (вуҷуди олами арвоҳ) ва фаришташиносӣ (ақли даҳгона ё «уқули ашира»)-и Ибни Сино баён шуда буд, вале баъдтар дар афкори тасаввуфӣ мавқеи марказӣ пайдо кард. Ҳенрӣ Корбен барзахро воқеъ дар бораи олами махсус ба қалам дода, маҳалли онро иқлими ҳаштум меномад, ки дар харитаи ҷуғрофиёии суннатӣ вуҷуд надорад ва аз дидгоҳи фалсафию ирфонӣ асосу мояи метафизикӣ пайдо мекунад. Яъне, он оламе ҳисобида мешавад, ки фариштагони меҳину кеҳин дар он вуҷуд дошта, рӯҳи инсон низ пас аз марг ба он макон хоҳад рафт. Суфиён бошанд, таъкид мекунанд, ки ҳангоми тазкияву тасфияи нафс он иртиқо пайдо карда, аз ин олами «моддияти ғайримоддӣ» мегузарад то ба марҳилаи фано бирасад. Номи ин оламро муҳаққиқи эронӣ Дориюши Шойгон «Ҷобулқо» ва «Ҷобулсо» меномад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دانته الیگیری. کمیدیای الهی. برزخ. تهران، ۱۹۶۳؛
- داریوش شایگان. هانری کاربین. تفکر عافاق معنوی در اسلام ایرانی. تهران، ۱۹۷۳؛
- دهله م. خداشناسئ زردوشتی. مجلۀ فرهور. تهران، ۱۹۹۶، رقم ۶.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барзах / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |