Jump to content

Бароталӣ Муродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бароталӣ Муродов
Бароталӣ Муродов
Таърихи таваллуд 18 феврал 1945(1945-02-18) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Турсунзода, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Шогирдон «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Бароталӣ Муродов (тав. 18.02.1945, ноҳияи Турсунзода) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1975), дотсент (1986).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1969 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1969—1976 ассистент, аспирант, муаллими калон, мудири кафедраи анализи математикӣ ва декани факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1976—1979 ҳамчун муаллими Донишгоҳи Аннабаи Алҷазоир, 1991—1996 мудири шуъбаи таълим ва муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон оид ба таълим, 1996—2006 декани факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти донишкадаи номбурда, 2006 декани факултети технологии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, 2006—2008 декани факултети ғоибонаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2008 мудири кафедраи математика дар иқтисодиёти донишкадаи номбурда мебошад. Оид ба муодилаҳои сингулярии интегралӣ ва муодилаҳои дифферансиалии барзиёдмуайяншуда бо ҳосилаҳои хусусӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ аст. Китобҳои дарсии «Курси мухтасари риёзиёти олӣ» ва «Назарияи функсияҳои тағйирёбандаи ҳақиқӣ»-ро таълиф намудааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.

  • Нишондодҳои методӣ барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз анализи математикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1987;
  • Нишондоди методӣ аз анализи математикӣ барои нақшаи корӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯён (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991