Ноҳияи Турсунзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Турсунзода
Ноҳияи Турсунзода дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Турсунзода
Замони таъсис : 19 январи соли 1935
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1175,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 9
Мардум
Аҳолӣ (2010) : 195,0 ҳаз. кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : FA
ISO-намоя : TJ.RR.FA
Пешшумора : +992 3130
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 07РТ
Talco.jpg

Ноҳияи Турсунзода яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 19 январи соли 1935 бо номи ноҳияи Регар таъсис ёфта аст. Соли 1978 барои ёдбуди Мирзо Турсунзода ноҳияи Турсунзода номида шуд. Маркази ин ноҳия - шаҳри Турсунзода - 60 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Турсунзода бо сарзамине 1175,4 км² дар водии Ҳисор воқеъ аст. Дар шимол ва шарқ бо ноҳияи Шаҳринав ва дар ҷануб ва ғарб бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 195,0 ҳаз. тан бошанда доштааст. [1] Мардуми ноҳияи Турсунзода ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Ноҳияи Турсунзода 1 шаҳр - Турсунзода ва 9 ҷамоат дорад: Гарав, Қаратоғ, Киров, Навобод, Пахтаобод, Якуми май, Работ, Сешанбе, Чапаев.

Ҷамоатҳои ноҳияи Турсунзода
Ҷамоат Аҳолӣ
Гарав
Қаратоғ
Киров
Навобод
Пахтаобод
Якуми май
Работ
Сешанбе
Чапаев

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Турсунзода Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих[вироиш]

Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Турсунзода дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (порсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (порсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. |Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) - Душанбе: "Ирфон", 2012, - с.27
  2. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара · Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол