Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон | |
|---|---|
| | |
| Соли таъсисёбӣ | 29 июн 1991 |
| Сайт | dsx.tj |
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.
Таърихи таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нахуст мувофиқи Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1991 таҳти №212 (банди 1) ба сифати Коллеҷи технологӣ-маишӣ дар асоси ҳисоби хоҷагӣ чун таълимгоҳи олии бисёрсоҳа, дар асоси фармони собиқ консерни «Хидмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1991, зери №15 таъсис дода шуда, сипас, мутобиқи Қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 29 июли соли 1991, зери №530 ва бо Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1991, таҳти №266 дар заминаи он Донишкадаи хидмати маишии консерни «Хидмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимии дараҷаи якум, ки аз ҳисоби васоити шартномавӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таъсис дода шудааст.
Муассисаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1995, зери рақами №192 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хидматрасонии Тоҷикистон табдил дода шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2020 номи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат иваз карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат" мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" номгузорӣ карда шуд[1].
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти рақами 199 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муассисаи давлатии дорои мақоми байналмилалӣ буда танҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.[2]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ибтидои фаъолият, соли таҳсили 1991-1992 дар ДСХ 3 кафедра амал мекард, ки дар онҳо 2 доктори илм ва 19 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар занҳо ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз онҳо танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Он соли таҳсил дар донишкада аз рӯи 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, технологияи матоъ ва кешбофӣ) 88 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамуданд. Дар соли аввали фаъолият донишкада дорои як бинои таълимӣ бо 17 синфхонаҳо буда, фонди умумии китобхонаи илмии он 1012 нусха китобро дарбар мегирифт.
Соли 2006 ДСХ Иҷозатнома (Литсензия )–и Вазорати Маорифи Ҷумхурии Тоҷикистонро (АУ №0000303 аз 26.10.2006) барои фаъолияти аспирантура, аз рўи ихтисосҳои 08.00.01 – назарияи иқтисод, 08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии халқ, 08.00.13 – усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ, 05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси программаҳо муттахассисони илмӣ – педагогӣ тайёр менамуд. Бо қарори ВАК-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 19 марти соли 2010, дар донишкада Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи 2 ихтисос: 08.00.05 – «иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» ва 08.00.13 – «усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ», кушода шуда буд.
То соли 2012 ДСХ зиёда аз 5000 нафар мутахассисони маълумоти олидорро тайёр намудааст. Соли 2010 ба факултаҳои ДСХ — 18 кафедра вобаста шуда буд, ки 12 кафедраҳои тахассусӣ буданд. Соли таҳсили 2010-2011 аз 180 нафар устодони ДСХ (170 нафар кормандони доимӣ), 11 нафар доктори илм ва 67 нафар номзади илм мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бештар аз 40 нафари онҳо хатмкардагони ДСХ буданд.[3][4]
ДСХ дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998), 4 факултет, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки технологӣ мебошад.[5]
Ректорони Донишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҳабибулло Умаров — 1991-2006
- Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокир Вазиров — 2006-2008
- Доктори илмҳои физика ва математика, профессор Файзалӣ Комилиён — 2008-2012
- Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодиров — 2012-2019
- Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фозил Саидович Обидов — 2019-2022
- Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Убайдулло Саттор Асрорзода — 2022
Факултетҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сохтори донишгоҳ 4 факулта фаъолият доранд:
- Факултети молия ва қарз
- Факултети ҳуқуқ ва гумрук
- Факултети гуманитарию педагогӣ
- Факултети муштараки сайёҳии байналмилалӣ (ДБССТ ва ДДССР)[6]
Институтҳои таълимӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Институти сайёҳӣ;
- Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- Институти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ;
Донишкадаҳои таълимӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишкадаи байналмилалии Левакант;[7]
- Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд;
- Донишкадаи байналмилалии Данғара.[8]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ IUTET-Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. dsx.tj. 3 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2022.
- ↑ www.iutet.tj. Оиннома(тоҷ.) (3 ноябри 2025). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Сомонаи ДСХ. 16 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2017.
- ↑ Зодаи истиқлол (Маълумотнома дар бораи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат) - Душанбе, 2011. – 58 с.
- ↑ Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат(тоҷ.). http://dsx.tj. 29 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2021.
- ↑ www.iutet.tj. МАЪЛУМОТ ОИД БА ДОНИШГОҲ(тоҷ.). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ www.lii.tj. Донишкадаи байналмилалии Левакант(тоҷ.). 9 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ www.iutet.tj. МАЪЛУМОТ ОИД БА ДОНИШГОҲ(тоҷ.). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.