Барра
Зоҳир
Барра, ҳамал — бачаи гӯсфанд.
Гӯсфанд, одатан, 1-2 (гӯсфанди зоти романовӣ 4-6) барра мезояд. Вазни барраи маҳинпашм ҳангоми таваллуд 3,8-5 кг аст. Вазни барраҳои дугоник ва сегоник 17-35 % кам мешавад. Инкишофи барра-и ширмак ба вазн, серширии меш ва шароити нигоҳубин вобаста аст. Меши фарбеҳ, ки як барра мемаконад, аввалҳо ҳар шаборӯз 1,2-1,5 кг, баъдтар 1,0-0,8 кг шир медиҳад. барра-и ширмак дар як шаборӯз 150—250 г вазн мегирад. Шири гӯсфанд моҳи дуюм 30-35 %, сеюм 50 % ва чорум 60 % кам мешавад. Ба барра-и заифу лоғар хӯроки иловагӣ медиҳанд. Ярмаи сулӣ, омехтаи ҷаву кунҷора, коҳ ва алафи сабз хӯроки беҳтарини барра мебошад. баррсадаҳои меши маҳинпашмро 700—800, дуруштпашмро 1000 ва барра-и ахтаро 1000-1500-сарӣ нигоҳубин мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барра // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.