Барселона
Шаҳр | |||||
кот. ва исп. Barcelona | |||||
|
|||||
41°23′ с. ш. 2°11′ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Испания | ||||
Роҳбар | Jaume Collboni Cuadrado[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 9 м[3] | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | ▲ 1 608 680[1] тан | ||||
Забони расмӣ | каталанӣ[4], испониёӣ ва Occitan[d] | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | +34 93 | ||||
Нишонаи почта | 08001–08042 | ||||
Коди мошин | B | ||||
Дигар | |||||
Прозвище | Ciutat Comtal | ||||
|
|||||
barcelona.cat | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Барсело́на (кот. Barcelona [bəɾsəˈɫonə], исп. Barcelona [baɾθeˈlona]) — шаҳр дар Испания, пойтахти вилояти автономии Каталония ва устони Барселона. Дар соҳили Баҳри Миёназамин ва доманаи кӯҳҳои Каталония ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Барселона дар садаи 3 то м. аз тарафи карфагенҳо бунёд шуда, Гамилкор Барк ном дошт. Дертар зери тасарруфи римиҳо қарор гирифт. Соли 415 аз тарафи вестготҳо забт гардида, соли 713 ба дасти арабҳо ва с. 801 ба дасти франкҳо гузашт. Дар асри миёна графигарии Барселона, дертар шоҳигарии Арагон мешавад. Аз оғози нимаи дуюми садаи 18 Б. маркази калонтарини саноати Испания мегардад. Дар с-ҳои Ҷанги гражданӣ (1936-39) маркази асосии муқобилат бар зидди франкҳо буд.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Барселона дар қисми шимоли-шарқии нимҷазираи Иберий, соҳили баҳри Миёназамин дар ҳамворие, ки 5 км паҳнои дорад ва аз тарафи ҷануб бо қаторкӯҳҳои Колсерола (кат. Collserola) ва дарёи Лобрегат, дар қисми шимолӣ дарёи Бесос мавқеъ гирифтааст. Пиренея тақрибан 120 км шимолтар аз шаҳр дур аст.
Кӯҳҳои наздисоҳилии Колсерола манзараи шаҳрро ба шакли нимдавра монанд кардааст. Баландии аз ҳама нуқтаи баландтарини кӯҳи Тибидабо 512 метр аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст ва аз паси ӯ бурҷи-антенна, ки дар кӯҳи Колсерола (баландӣ 288,4 м.) қарор дорад, аз ҷои дур намоён аст. Аз ҳама баландтарин нуқта дар сатҳи шаҳр, пуштаи Мон-Табер (кат. Mont Taber) аст, ки 12 метр баландӣ дорад ва дар он ҷомеъ Барселона қарор дорад.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Барселона — баҳримиёназаминӣ аст, бо зимистони хушки нарм ва тобистони гарм ва намнок. Аз ҳама моҳҳои хунуктарин январ ва феврал мебошанд (ҳарорати миёна 10 °C), ва аз ҳама моҳҳои гарм — июл ва август (ҳарорати миёна 25 °C). Боришоти на он қадар зиёд дар моҳҳои октябр (қариб 90 мм); ва камтар — дар июл (қариб 20 мм).
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти ҷомоати шаҳри Барселона аз 1 январи соли 2005, аҳолии шаҳр 1 593 075 нафар одамро ташкил мекард, шумораи Барселонаи калон 5 292 354 нафар (қайди 2006). Зичии аҳолӣ — 15 779 нафар дар ҳаряк км². 95 % аҳолӣ забони каталониро мефаҳмид, 76,4 % аҳолӣ бо ин забон сухан мекарданд, 75 % аҳолӣ бо ин забон мехонд ва 47 % метавонистанд бинависанд.
13,8 % аҳолӣ (219 941 нафар) мӯҳоҷирони Экуадор, Перу, Марокаш, Колумбия, Аргентина, Покистон, Чин ва Боливия.
Қисми асосии аҳолӣ ба дини насронӣ (католикӣ) ихлос доранд (дар шаҳр 208 ибодатхона). Дар шаҳр гурӯҳҳои камшумори евангелистҳо, шоҳидони Иегова ва будпарастон вуҷуд доранд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Маркази р. о. ва худрав, бандари баҳрӣ (гардиши мол дар як сол 20 млн т), аэропорти байналмилалӣ ва метрополитен дорад.
Барселонаи муосир маркази мошинсозӣ буда, дар он саноати электротехникӣ, электроника, кимиё, дорусозӣ, кайҳонӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, шиша ва коғазбарорӣ рушд кардааст. Маркази муҳимми савдо, молия, тиҷорат ва табъу нашри мамлакат аст. Минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад.
Фарҳанг ва маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳр аз ду қисм иборат аст: дар қисми қадими биноҳои дар садаи 13 бунёдгашта ва дар қисми нав кӯча ва биноҳои дар садаҳои 19-20 сохташуда қомат афрохтаанд.
Аз ёдгорҳои таърихӣ дар Барселона Қасри Гуэл (1880), Калисои Сан-Пабло дел Кампо (914), калисои ҷомеи готҳо — Санта Эулалиа (1298—1460), базиликаи (иморати атиқа) Ла Мерсе (а. 18) маҳфуз мондаанд. Дар Барселона Донишгоҳи Барселона, (1450), автономӣ (1968), Донишгоҳи политехникии Каталония (1971), осорхонаҳои баҳрӣ, санъати антиқа, санъати муосир, Осорхонаи ҳайкалтарошии Ф. Марес, Осорхонаи рассомон Х. Миро ва П. Пикассо, Бойгонии шоҳигарии Арагон, Театри калони операи Лисед (1847), қасри мусиқӣ (1908), консерватория, оркестри симфонӣ мавҷуд аст.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1992 дар Барселона Олимпиадаи бозиҳои тобистона ва чандин чемпионати ҷаҳонӣ оид ба футбол (1982) баргузор гардидааст. Дар Барселона инчунин яке аз машҳуртарин дар ҷаҳон клуби футболи «Барселона» мавҷуд аст. Марти 2010 Барселона пойтахти Иттиҳоди Баҳри Миёназамин эълон гардид, ки ба он 43 давлат дохил мешаванд.
Соли 2013 дар Барселона Чемпионати ҷаҳон дар намудҳои варзиши обӣ шуда гузашт.
Деҳаи олимпӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Ҳайкали Христофор Колумб
-
Маремагнум шаб
-
Бисёрошёнаҳои деҳаи Олимпӣ
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Национальный институт статистики Испании(исп.)
- ↑ http://www.idescat.cat/pub/?id=aec&n=925&t=2016
- ↑ http://www.idescat.cat/pub/?id=aec&n=925&t=2016&lang=en (ингл.)
- ↑ art.6 // (unspecified title)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вся Барселона. Коллекция «Вся Испания». Русское издание. Editorial Escudo de Oro S.A., Barcelona
- Гауди. Русское издание. Editorial Escudo de Oro S.A., Barcelona
- Imatges de la ciutat de Barcelona al segle XX. Barcelona, 2000
- Forcano Eugeni «La meva Barcelona», Barcelona, Madrid, 2010
- Хью Кеннеди. Великие арабские завоевания, «Историческая бибилиотека», 2010
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барселона // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Сайти расмии Барселона бо забони испонӣ ва инглисӣ Бойгонӣ шудааст 24 ноябри 2012 сол.