Jump to content

Баскетбол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баскетбол
Тавсифот
Абзор туб
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Ном FIBA[d]
Лоиҳаҳои марбут
Портал:Баскетбол
 Парвандаҳо дар Викианбор
Майкл Ҷордан

Баскетбол (англ. backet – сабадча ва ball – тӯб) — бозии варзишии даставӣ. Қоидаи онро соли 1891 муаллими анатомияи коллеҷи Спрингфилд (ИМА) Ҷ. Нейсмит муқаррар кардааст. Дар ибтидо дар Баскетбол ду дастаи 9-нафарӣ иштирок мекарданд ва тӯб бо даст ба тӯрхалтаи муқаррарӣ, ки дар пояи баландиаш 3, 5 м устувор буд, партофта мешуд. Тадриҷан қоидаҳои бозӣ тағйир ёфтанд. Соли 1933 намояндагони мамлакатҳое, ки дар он ҷо Баскетбол рушд ёфта буд, дар Швейсария ҷамъ омада, Федератсияи байналхалқии дӯстдорони баскетбол (ФБДБ)-ро ташкил карданд. ФБДБ қоидаҳои ягонаи Б.-ро таҳия намуд ва аз ҳа¬мон сол мусобиқаҳои байналхалқӣ: бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, қитъаҳо ва ғ. сурат мегиранд. Нахустин бозии маъруфи Баскетбол соли 1904 дар чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сент-Луиси Амрико баргузор шуд. Дар Осиё нахустин мусобиқаи Баскетбол соли 1923 дар Манила доир гардид. Аввалин бозии Баскетбол байни занон соли 1923 дар Фаронса баргузор шуд. Аввалин мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба Баскетбол соли 1938 дар Рум доир шуданд, ки дар натиҷа тими Итолиё ба мақоми чемпионӣ расид. Соли 1948 ҳудуди 50 кишвар ба Федератсияи ҷаҳонии Баскетбол дохил шуданд. Ҳоло Баскетбол дар панҷ қитъаи олам яке аз бозиҳои маъмули варзишӣ мебошад.

Масоҳати майдони Баскетбол 28×15 м буда, дар мобайни майдон доираи қутраш 1,5 м кашида мешавад, ки хатти миёнаи он доираро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Ҳамчунон дар ду гӯшаи майдон низ дар зери ҳалқаи гол ду нимдоираи дигар кашида мешавад. Ҳалқаи голи Баскетбол (аз оҳан соҳта мешавад)-ро рӯйи тахтаи андозааш 1,50 × 1,20 насб карда, дар ду канори майдон дар пояи баландиаш 3,5 м мешинонанд. Аз ҳалқа ба андозаи 40 см тӯр овезон мебошад, ки тӯб ҳангоми аз он гузаштан хуб дида мешавад. Қутри тӯби Баскетбол 75–78 см, вазнаш 600–650 г. Дар бозӣ ду дастаи 12-нафарӣ иштирок мекунад. Аз ду тараф якбора 5-нафарӣ ба бозӣ медароянд, баъд онҳоро иваз карда меистанд. Бозӣ аз мобайни майдон бо иштироки ҳамаи аъзои тимҳо оғоз меёбад. Довар дар дохили доираи мобайни майдон меистад ва аъзои дастаҳо дар ду нимдоираи ду тарафи майдон саф мекашанд. Довар аз ҳар тим як¬нафарӣ бозигарро даъват карда, тӯбро ба боло партоб мекунад. Ҳар кас аз аъзои ду тим, ки тӯбро гирифт, бозиро ба нафъи тими худ идома медиҳад. Барои ҳар тӯби аз дохили нимдоира ба тӯрҳалқаи ҳариф андохташуда ду хол, барои тӯби аз хатти 6, 25 м ба тӯрҳалқа андохташуда се хол ва барои тӯби ҷаримавӣ як хол дода мешавад. Бозӣ дар ду давр (ҳар кадоме 20-дақиқагӣ) мегузарад. Дар байни бозӣ 2 дақ. танаффус дода мешавад. Дар сурати баробар шудани холи ҳар ду даста боз 5 дақ. вақти иловагӣ медиҳанд. Ҷараёни бозиро ду нафар довар назорат мекунанд.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаби Баскетболи Тоҷикистон яке аз дастаҳои беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дастаи мунтахаби Баскетболи тоҷикро мураббиён Академияи илмҳо Клименко, А. М. Муродов ва С. Қ. Анваров машқ медоданд ва он пайваста дар чемпионатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок мекард. Дар байни баскетболбозони ҷумҳурӣ 24 нафар Устоди варзиши СССР, 106 нафар номзад ба устоди варзиш ва бисёр дорандагони дараҷаи якум буданд. Ҳоло Баскетбол асосан дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор инкишоф ёфтааст, Федератсияи Баскетболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди Баскетбол дар ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Соле ду дафъа мусобиқа барои дарёфти «Ҷом»-и Федератсияи Баскетболи Ҷумҳурии Тоҷикистон (байни мардон ва занон) баргузор мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ аз байни Баскетболбозон 34 нафар устоди варзиш ва 73 нафар номзад ба устоди варзиш тайёр карда шудаанд. Дар рушди Баскетбол дар ҷумҳурӣ Тренерони хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон В. А. Очилдиев, О. В. Немова, Кормандони хизматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. С. Пичугина, Ш. А. Олимов, мураббиён Д. Д. Аҳмадов, А. В. Медников, О. Шатова, А. Бутсай (ҳама аз шаҳри Душанбе), Р. Самадов ва Т. Шамсиев (ш. Хуҷанд), Р. Истамов (ноҳияи Турсунзода), Т. Назикова (ш. Қӯрғонтеппа), М. Мамадҷонов (ноҳияи Ҳисор), Ф. Р. Муҳаммадиев (ноҳияи Рӯдакӣ) саҳми намоён мегузоранд.

Баскетбол он навъи бозии варзишист, ки ба анҷом додани он аъзои организми инсон ҳаракатҳои мухталиф, монанди давидан, хез кардан, чарх задан ва ғайраро барои ба даст овардани тӯб анҷом медиҳад ва ин боиси инкишофу тақвияти узвҳои ҳаракати организм, фаъол шудани низоми нафаскашӣ, беҳтар гардидани кори дил ва ҳаракати чашмон, инкишофи кори мағзи марказӣ, танзими ҳаракати бадан ва ғ. мегардад.

  • Гомельский А. Тактика баскетбола. М., 1966;
  • Баскетбол. М., 1967;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 3. М., 1970;
  • Ориёно доиратулмаориф. Кобул, 2008.
  • Баскетбол // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.