Jump to content

Николай Басов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Басов)
Николай Басов
Басов Николай Геннадиевич
Таърихи таваллуд 14 ноябр 1922(1922-11-14)
Зодгоҳ Воронеж, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1 июл 2001(2001-07-01) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Маскав
Кишвар Шаблон:Country data CCCР
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Иниститути физикаи Академияи илмҳои ИҶШС
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Mikhail Leontovich[d] ва Александр Прохоров
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Николай Геннадиевич Басов (14.12.1922, Воронеж – 1.7.2001, Маскав), физикадони шӯравӣ, яке аз асосгузорони радиофизикаи квантӣ, доктори илмҳои математика ва физика(1956), акададемики Академияи илмҳои ИҶШС (1966) ва узви Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС (1967), Узви хориҷии Академияи илмии як қатор мамлакатҳо. Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1982). Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физика (1964), Мукофоти ленинӣ (1959) ва давлатии ИҶШС (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Николай Геннадиевич Басов баъди хатми Инистути инженерию физика (1950) дар Иниститути физикаи Академияи илмҳои ИҶШС кор мекард (аз соли 1972 директор). Профессор Иниститути инженерию физикаи Маскав (1963), сармуҳаррири маҷҳои «Наука», «Квант», «Квантовая электроника», «Природа» (1967), раиси Раёсати ҷамъияти умумииттифоқии «Знание» (1978–1990) буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ҳамкории А.М. Прохоров усули нави бо ёрии системаҳои квантӣ ҳосил кардани лапишҳои электромагнитиро ба вуҷуд овард ва аввалин генератори молекулавӣ (мазер)-ро бо дастаи молекулаҳои аммиак сохт (1954). Якҷоя бо Ю.М. Попов ва Б.М. Вуд ақидаи татбиқи нимноқилҳоро дар генераторҳои ҳудуди оптикӣ (лазерҳо) пешниҳод намуд, усули сохтани лазерҳои нимноқилиро такмил дод. Басов оид ба лазерҳои пуриқтидори газӣ ва кимиёӣ таҳқиқот анҷом дода, лазерҳои фторию ҳидрогенӣ, йодӣ ва эксимериро сохт. Як қатор корҳои илмии Басов ба масъалаҳои паҳншавӣ ва таъсири мутақобили импулсҳои лазерӣ бо модда, истифодаи лазерҳо барои идора кардани синтези термоядроӣ, усулҳои лазерии гармкунии плазма, равандҳои тезонидани реаксияҳои кимиёӣ бо афканишоти лазерӣ, асосҳои физикавии ташкил додани стандартҳои квантии басомад, истифодаи лазерҳо дар оптикаи электронӣ ва ба оптикаи ғайрихаттӣ бахшида шудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физика (1964), Мукофоти ленинӣ (1959) ва давлатии ИҶШС (1989). Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1982). Бо 5 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.