Бастом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


БАСТÓМ (порсӣ: بسطام) Бистом, Бустом, шаҳри таърихӣ, дар шаҳристони Шоҳруд воқеъ дар мавзеи Симнон. Маркварт бунёдгузори ин шаҳрро «Вистаҳм» (Бистом) донистааст. Вистаҳм тағои Парвизи Сосонӣ (590–628) буд, ки муддате дар Хуросон, Кумиш (Қумис), Табаристону Ҷурҷон фармонравоӣ доштааст. Баъди исён бар Хусрави Парвиз худро шоҳ эълон кард. Аз Вистаҳм сиккаҳое то рӯзгори мо расидаанд, ки дар онҳо ӯ худро «Пирӯз Вистаҳм» хондааст.

Фирдавсӣ Бастомро бо номи «Густаҳам» ёд карда, ҳамчунин номи ш. Бастомро ҳангоми зикри рафтани Хусрави Анӯшервон (531–579) ба Хуросон ва аз ин шаҳр гузаштани ӯ овардааст. Абудулаф Бастомро рустои шаҳракгуна қаламдод кардааст. Дар рӯзгори ӯ бар рӯйи теппаи рӯбарӯи ш. Бастом қарордошта кохе бузург бо деворҳои баланд, сохтмонҳо ва ғурфаҳои бисёр барпо будааст, ки мегуфтаанд: «Онро Шопури Зулактоф сохтааст».

Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал Бастомро аз Домғон ободтар донистаанд. Соли 856 дар Бастом заминларзае рӯй дод, ки сеяки сохтмонҳои Бастомро вайрон кард. Соли 875 Аҳмади Абдуллоҳи Хузистонӣ, ки нахуст аз тарафдорони Яъқуби Лайси Саффор буд ва сипас бар ӯ шӯрид, Бастомро гирифт ва куштори бузурге кард. Бо вуҷуди чунин вайронию куштор Бастом дар а. 10 ҳанӯз шаҳри ободу пурравнақ будааст. Дар рӯзгори Оли Бӯя (934–1056) Бастом дар шумори 50 шаҳре будааст, ки ин давлат дар он ҷо сикка мезадааст.

Манбаъ[вироиш]