Jump to content

Батман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАТМÁН, 1) воҳиди вазн ва масоҳат дар мамолики Осиёи асримиёнагӣ, шакли дигаргунгаштаи воҳиди вазни ман, ки вобаста ба замону макон қимати гуногун дошт. Дар натиҷаи тиҷорат Батман ба системаи воҳидҳои Россия ворид гашта (а. 17), аввал ҳамчун воҳиди вазни ғайр дар шаҳрҳои сарҳаддӣ ва бандарӣ, сипас дар маҳалҳои аҳолиаш ғайрирус ё мусулмон (тоторҳо, халқҳои Сибир ва ғайра) ва дертар дар тиҷорат байни Россияву Осиёи Миёна истифода мешуд.

Масалан, дар губ. Қазон Б. воҳиди вазни ғалла буда, ба 4,5 пуд баробар буд. Бо мақсади тиҷорат дар Бухорои асрҳои 16–17 ду Батмани сунъӣ дар асоси манҳои маҳаллӣ сохта шуданд, ки мутаносибан ба 8 ва 16 пуди русӣ баробар буданд. Дар Бухорои Шарқии асрҳои 18–19 (Қаротегин, Дарвоз) манро Батман ё бодман меномиданд. Дар Гурҷистон навъҳои Батман ба 8,15, 16,20 фунт баробар буд. Дар губ. Боку Батман ҳамчун андозаи оби обёрӣ истифода мешуд;

2) (па)-ҳаракати мушкил дар рақси балет;

3) дар шамшербозӣ зарба ба теғи ҳариф;

4) номи рақсҳои гуногун дар мусиқӣ;

5) шаҳр ва музофот дар шарқи Туркия.