Баттонӣ
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҷобир ибни Синони Раққии Ҳарронӣ | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 858[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 929[1][2][3][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҷобир ибни Синони Раққии Ҳарронӣ (ар. أبو عبد الله محمد بن جابر بن سنان الحراني الصابي البتاني, 858, Ҳаррон — 929, Сомарро, Ироқ) маъруф ба Баттонӣ (форсӣ: بتانی) — мунаҷҷим ва риёзидони барҷастаи араб, ки дар навиштаҳои Руми Шарқӣ бо номи Упатанис ва Аврупо бо номи лотинии Албатениус (Albategnius) маъруф аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бештари умри Баттонӣ дар шаҳри Раққаи канори дарёи Фурот сипарӣ шуда, дар ҳамон ҷо мушоҳидаҳои нуҷумӣ анҷом додааст. Дар охири умр ба Бағдод рафта, ҳангоми бозгашт дар Қасрулҳис воқеъ дар канори дарёи Даҷла ва наздикии шаҳри Сомарро вафот кардааст.
Ахтаршиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастовардҳои нуҷумӣ ва риёзии Баттонӣ бисёр муҳимманд. Ӯ дар расадҳои дақиқи пуршумори худ (878—918) бисёр ҳодисаҳои нуҷумиро бо диққати зиёд таҳқиқ намуда, назарияи иқбол ва идбори эътидолайнро, ки ба тағйирёбии эътидолайн дар доиратулбуруҷ асос ёфтааст, бунёд гузошт. Ин назарияро олимони Аврупо дар давоми асрҳои 10-16 истифода бурдаанд.
Баттонӣ ҷойивазкунии нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳи (нуқтаҳои бурриши экватори осмон бо эклиптика)-ро ба истиқболи ҳаракати солонаи Офтоб 54,5″ дар як сол ё 1° дар 66 сол муайян кард (ҳозирааш 50,3″), ки дар он замон натиҷаи дақиқ ба шумор мерафт. Инчунин майли куллии Офтоб ё майли эклиптика ба экваторро нисбат ба Батламиюс дақиқтар ҳисоб карда (23° 35′ 41″), давомнокии соли офтобиро 365 рӯзу 5 соату 46 дақиқа 24 с (қимати имрӯзааш 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқа 46 с) муайян намуд. Баттонӣ дар «Зиҷи Собӣ»-и худ қайд мекунад, ки дар Антокия дар 9-уми моҳи сафари с. 289 (28 январи 902) як гирифти (хусуф) Офтоб ва дар 4-уми моҳи рамазони с. 289 (17 августи 902) як гирифти (кусуф) Моҳро мушоҳида кардааст. Баттонӣ навъи ҷадиди афзори нуҷумии ҳалқадорро бо номи «албайза» (тухми мурғ) сохт, ки дар фасли 5 ва 7-уми «Зиҷи Собӣ» онро шарҳ додааст. Ӯ инчунин макони вуқӯи кусуфи ҳалқавиро исбот кард. Б. дар назди мунаҷҷимони исломӣ обрӯю эътибори хоссае дошт. Абурайҳони Берунӣ (973—1048) китобе ба номи «Ҷалоу-л-азҳон фӣ зиҷил-Баттонӣ» («Ҷилои зеҳнҳо дар зиҷи Баттонӣ») навишта, Абдурраҳмони Суфӣ (903-86) ба тарзи тақсими фалакулбуруҷ дар зиҷи Баттонӣ гирифта, Ибни Халдун осори Баттонӣро дар қатори беҳтарин китобҳои нуҷумӣ ҳисоб кардааст. Таъсири Баттонӣ ба мунаҷҷимони асримиёнагии Аврупо низ зиёд аст. Мунаҷҷими полшагӣ Н. Коперник (1473—1543) дар асарҳои худ оид ба ҳаракати Офтоб ва эътидоли баҳорию тирамоҳӣ аз Баттонӣ нақл кардааст. Мунаҷҷимони машҳури аврупоӣ Тихо Браге (1546—1601), Иоган Кеплер (1571—1630) ва Галилео Галилей (1564—1642) ҳам дар асарҳои худ аз расадҳои Баттонӣ ёд кардаанд. Мунаҷҷими англис Ричард Донсран дар с. 1749 аз натиҷаҳои таҳқиқоти Баттонӣ дар гирифти Моҳ ва Офтоб барои таъйини шитоби асрии Моҳ дар мадораш, ки баробари 10,3″-и камон дар ҳар аср аст, истифода намудааст. Муҳимтарин ва маъруфтарин асари Баттонӣ «Зиҷи Собӣ» аст. Дар он Баттонӣ хатоҳои Батламиюсро ислоҳ намуда, дар муқаддимааш қайд мекунад, ки ғалату ихтилофоти мавҷуда дар осори гузаштагон ӯро водор кардаанд, то ин асарро таълиф намояд. Дар «Зиҷи Собӣ» функсияҳои тригонометрӣ; ҷадвали табдилҳои Батламиюс; ҷадвалҳои гуногуни нуҷумӣ барои арзи Раққа, Ҳаррон, Бағдод ва Макка, ҳаракати Офтоб, Моҳ ва дигар сайёраҳо; арз, ҳаракат, мувофиқат ва мақоми сайёраҳо; ҷадвалҳои ихтилофоти манзар барои Офтоб ва Моҳ дар доираи иртифоъ ва ҳафт иқлим; ҳодисаҳои хусуфу кусуф, муқорана ва муқобала; ҷадвали тӯл ва арзи ҷуғрофиёии 273 макон, доиратулбуруҷ ва қадри 533 ситора, ҷадвалҳои гуногуни нуҷумӣ оварда шудаанд. Ин зиҷ дар давраи рукуди илм ва пеш аз давраи Эҳё дар такмили илми нуҷум ва тригонометрияи Аврупо таъсири азиме расондааст. «Зиҷи Собӣ» дар садаи 12 дубора ба лотинӣ ва дар садаи 13 бо фармони шоҳи Кастилия (Испания) — Алфонси даҳум аз арабӣ ба испанӣ тарҷума шудааст. Абурайҳони Берунӣ дар «Рисолатун тамҳидулмустақар фӣ маънӣ-ил-ма¬марр»-и худ ишора мекунад, ки му¬наҷҷимони гуногун аз зиҷи Баттонӣ истифода бурдаанд. Натиҷаи мушоҳидаҳои нуҷумии Баттонӣро Кушёри Гелонӣ дар «Зиҷи ҷомеъ», Алӣ ибни Аҳмади Насавӣ дар «Зиҷи фохир», Абуррашид Донишӣ дар «Зиҷи комил» ва Ибни Каммод дар «Зиҷи муқтабас» истифода кардаанд.
Баттонӣ дар «Зиҷи Собӣ» ҷадвалҳои солшуморӣ, тригонометрӣ (синусҳо, котангенсҳо), функсияҳои нуҷуми куравӣ (барои арзҳои Макка, Бағдод, Ҳаррон, Раққа), Офтоб, Моҳ ва сайёраҳо, ситораҳои собита (533 адад), астрологӣ, ҷуғрофиёӣ (координатҳои 273 мавзеъ) ва дигар тартиб дода, барои ёфтани фосилаи камони байни ду ситора (масофаи байни онҳо ва арзи ҳар як маълум бошад) равише ба кор бурд, ки муодили теоремаи косинусҳо дар секунҷаи куравӣ (сферавӣ) аст. Чунонки Баттонӣ дар боби 26 «Зиҷи Собӣ» шарҳ медиҳад, барои ин мақсад аз қазияи теоремаи Батламиюс барои чоркунҷа истифода кардааст (маҷмӯи ҳосили зарбҳои тарафҳои рӯ ба рӯ ба ҳосили зарби ду қутр баробар аст). Муодилае, ки Баттонӣ барои муайян кардани тӯли камон байни ду ситораи А ва В ба арзҳои АF ва ВG ва ихтилофи тӯл FG баён кардааст, АВ = АС + (cos AF cos BG) FG мебошад, ки он муодили формулаи cos AB = sin AE sin BE + cos AE cos BE аст ва онро теоремаи косинусҳо дар секунҷаи АЕВ меноманд. Ин муодиларо математик ва астрономи машҳури олмонӣ Й. М. Региомонтан (1436-76) дар асари математикии худ — «Дар бораи навъҳои секунҷаҳо» оварда, қайд мекунад, ки он теоремаи Баттонӣ аст. Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» барои ҳалли ин масъала роҳи душвортареро интихоб намуда бошад ҳам, дар охир боз ба ҳамин равиши Баттонӣ баргаштааст.
Асарҳои дигари Баттонӣ: «Китобу маърифатун матолеъу-л-буруҷ фӣ мобайни арбоъи-л-фалак», «Рисолатун фӣ таҳқиқи ақдорулиттисолот», «Китобу арбоъу мақолот фӣ аҳкоми илминнуҷум», «Рисолатун таҷриди усулу таркибу-л-ҷуйуб», «Фӣ самти-л-қибла», «Рисолату фӣ буъд-ил-кавокиб». Ба шарафи Баттонӣ дар Моҳ танӯра (Albategnius) номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://books.google.cat/books?id=VUWno1sOwnUC&pg=PA78 — С. 78.
- ↑ 2.0 2.1 https://books.google.cat/books?id=N3l4Rngj4B0C&pg=PA38 — С. 38.
- ↑ Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды. М., 1983;
- Матвиевская Г. П. Очерки истории тригонометрии. Ташкент, 1990.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баттонӣ / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.