Jump to content

Бахтовар Қарабоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахтовар Қарабоев
Бахтовар Бахтиёрович Қарабоев
Таърихи таваллуд 12 феврал 1989(1989-02-12) (35 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Бахтовар Бахтиёрович Қарабоев (тав. 12.02.1989, ш. Душанбе) — омӯзгори забони англисӣ, номзади илмҳои педагогика (2017),.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахтовар Қарабоев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2010), корро соли 2009 ба сифати омӯзгори забони англисӣ мактаби миёнаи №1 н. Ҳисор оғоз намуда, солҳои 2012- 2013 муовини директор оид ба тарбияи ҳамин мактаб, 2013-2014 ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2014-2017 муовини декан оид ба илм ва таълим дар факултети забони англисӣ, 2017- 2019 муовини директор ва мудири шубаи бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ , аз соли 2019 инҷониб сармутахасси раёсати таълими донишгоҳ. Ба қалами номбурда беш аз 20 мақолаи иилмӣ тааллуқ дорад.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ