Баёт
Зоҳир
«Баёт» (ар. بیات – шабгузаронӣ)
- суруде, ки одатан шабҳангом мешунавиданд. Баёт дар мусиқии асрҳои миёнаи Шарқи Наздику Миёна шабона суруда ва шунида мешуд. Мусиқишиносони гузашта «Баёт»-ро дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» чун суруди шабҳангом бо номи «Баётӣ» ҳамчун шуъба дар мақоми «Кӯчак» дохил кардаанд. Дар асрҳои баъдӣ дар асоси ин оҳанг аз ҷониби ҳунармандон «Баёти Курд» (гӯшаи мусиқӣ дар шуъбаи «Чоргоҳ»-и мақоми «Зангӯла», «Дувоздаҳмақом»), «Баёти Турк», «Насри Баёт», «Талқини Баёт» (Шашмақом), инчунин «Баёт»-ҳои 1, 2, 3, 4, 5 эҷод карда шуданд;
- навое аз шуъбаи «Наср»-и мақоми мазкур («Мухаммаси Баёт»);
- суруди мураккаб аз маҷмӯи сурудҳои Фарғонаву Тошканд. Мусиқии «Баёт» бо тамкину муфарраҳ буда, табъи шунавандаро тадриҷан орому болида мегардонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. Тошкент. 1987;
- Маҳмуди Ҳусайнӣ. Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ. Д., 1987.
- عبد القادر مراغۀ. مقاصد الحان. تهران، ۱۳۵۶
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Корбар:VASHGIRD/Сиёҳнавис/ЭМТ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |