Jump to content

Бағдодак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бағдодáк — номи макон (шаҳрак ё деҳа)-е дар Хоразми асримиёнагӣ. Аз ин макон донишмандони маъруфе ба мисли бародарон Маҷдуддин – таърихнигор ва сарвари девону-л-иншои дарбори Хоразмшоҳиён ва шайхи маъруф – Баҳоуддини Бағдодӣ бо тахаллуси «Бағдодӣ» маъруф шудаанд, ки бад-ин восита дар адабиёти таърихӣ баъзан номи «Бағдодак» ба Бағдоди бузург омехта шудааст.