Баҳоуддини Бағдодӣ
Зоҳир
Кишвар |
---|
Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муайяди Бағдодӣ (форсӣ: محمد بن مؤید بغدادی; соли таваллуд ва вафот номаълум) — таърихнигор ва сарвари девону-л-иншои дарбори Хоразмшоҳиён, бародари шайхи машҳур Маҷдуддини Бағдодӣ Шараф ибни Муайяд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ зодаи Бағдодаки Хоразм аст. Алоуддин Текеш (1172—1200) ӯро раиси девону-л-иншо таъйин кард. Муҳимтарин асари ӯ, ки иборат аз маҷмӯаи фармонҳо ва диг. ҳуҷҷатҳои расмии аҳди Хоразмшоҳиён аст, «Ат-тавассул ила-т-тарассул» мебошад ва он солҳои 1182-84 навишта шудааст. Китоб барои омӯзиши баъзе масоили таърихию иҷтимоии замони зисти муаллиф муҳим аст, маълумоташ махсусан дар бораи робитаҳои давлати Хоразмшоҳиён бо давлати тоҷикии Ғуриён пураҳаммият мебошад. Таълифи китоб форсист ва то ба имрӯз расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳоуддини Бағдодӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.