Баққолӣ
Баққолӣ — дукони фурӯши маводи хӯрокворӣ (аз қабили орд, сабзавот, равғану биринҷ ва ғайра. Пешаи савдогарии замонҳои пешин. Соҳиби онро «баққол» мегуфтанд, ки дар дукони назди хона ё ҳавлии худ мева, сабзавот, дорувор, ширинӣ, ғаллаву дона ва чизҳои барои рӯзгор зарурро мефурӯхт. Харидорон метавонистанд аз баққолӣ чизҳои заруриро ба нася гиранд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Баққолӣ дар шаҳрҳо ва баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна то нимаи аввали садаи XX вуҷуд дошт. Баъдтар, бо мурури замон, қариб аз байн рафт. Дар байни мардум истилоҳи «баққолии фалонӣ» ё «фалонча баққол» низ мавҷуд буд. Дар асрҳои пешин тахаллус ва лақаби баққолӣ бисёр буд. Баққолҳоеро, ки дар баробари баққолӣ шеър мегуфтанд, «баққолӣ» ё «баққол» меномиданд. Баққолӣ ҳоло ҳам дар кишварҳои Эрону Афғонистон маъмул аст. Баққолиро дар кишварҳои Аврупо «бакалея» меноманд. Баққолӣ дар даврони шӯравии Тоҷикистон қариб аз байн рафта бошад ҳам, пас аз истиқрори истиқлол дар саросари кишвар дубора пайдо шуда, ки ҳамон вазифаи пешинаи Баққолиро адо мекунад[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.