Равған

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Равған (форсӣ: روغن) моеъест равон ва ё ғафс, дар об ҳал нашаванда, ки аз ҳайвонот ва наботот ҳосил мешаввад.

« Бад-ӯ гуфт: Дар шир равған намонд,
Шубонро бихоҳам ман аз дашт ронд.
»

Равған — моддаи чарб, ки аз шир, дунба ё чарбуи чорпоён, аз донаҳои наботӣ ё аз маҳсулоти нафтӣ гирифта мешавад; равғани ароба пасмондаи моддаҳои нафт, ки барои молидан ба чархи аробаҳо ба кор мерафт; равғани доғ равғани сахт тафсида, равғани ҷӯшида истода; равғани дунба равғане, ки дар дунбаи гӯсфанд мавҷуд аст; равғани зард равғане, ки аз шири гов гирифта мешавад; равғани зағир равғани хӯрокие, ки аз зағирдона кашида шудааст; равғани зайтун равғане, ки аз меваи дарахти зайтун гирифта мешавад; равғани карт равғани дунбаи обнакардаи бешалҳа ва бегӯшт; равғани лампа карасин; равғани маска равғани аз шири гов гирифташудаи бенамак; равғани пахта равғане, ки аз пунбадона гирифта мешавад; равғани сафед ниг. равғани пахта; равғани сиёҳ мазут, моддаи сӯзандае, ки баъди аз нафт кашида гирифтани бензин, газолин ва карасин боқӣ мемонад; равғани чароғ ниг. равғани лампа; равған кардан равған молидан, равған задан ба мошин ва ғ. ; равған кардан (гулӯи касеро) ба касе пора додан ё касеро зиёфат кардан бо мақсади анҷом додани кори худ; равған кашидан аз шир ба воситаи гуппӣ ё мошин, аз донаҳои наботӣ ба воситаи ҷувоз ва дастгоҳҳои мошинӣ равған ҳосил кардан; ба равған ғӯтидани нони касе дар равнақу ривоҷ будани кори касе; ба оташ равған рехтан гапе зада ё коре карда, ҷанҷоли хобидаро аз нав хезондан ё башиддаттар гардонидан.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П – Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 114

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]