Jump to content

Баҳодуршоҳи I

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳодуршоҳи I
форсӣ: بهادرشاه یکم
19 июн 1707 — 27 феврал 1712
Пешгузашта Azam Shah[d]
Ҷонишин Jahandar Shah[d]

Таваллуд 14 октябр 1643(1643-10-14)[1] ё 1643
Даргузашт 27 феврал 1712(1712-02-27)[1] ё 18 феврал 1712(1712-02-18)[2]
Мадфан
Дудмон Имперотурии Темурӣ[d] ва Бобуриён
Падар Аврангзеб
Модар Nawab Bai[d]
Ҳамсар Nizam Bai[d], Maharajkumari Amrita Bai Sahiba[d] ва Nur un-nisa Begum[d]
Фарзандон Azim-ush-Shan[d], Jahandar Shah[d], Rafi-ush-Shan[d] ва Khujista Akhtar Jahan Shah[d]
Эътиқод шиъа
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳодуршоҳи I(форсӣ: بهادرشاه یکم‎; 14 октябр 1643[1] ё 1643, Бурҳонпур[d]27 феврал 1712[1] ё 18 феврал 1712[2], Лоҳур) — ҳафтумин подшоҳ аз сулолаи Бобуриёни Ҳинд. Ӯ писари дувуми Аврангзеб буда, солҳои 1706—1712 ҳукмронӣ кардааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳодуршоҳи ҳамроҳи падараш дар Беҷопури Гулканда бар зидди маротҳаҳо ҷангид, аммо бо ҷурми иртиботи пинҳонӣ доштан бо ҳокими Гулканда ҳамроҳи писаронаш с. 1687 дастгир ва зиндонӣ шуд. Соли 1695 аз зиндон озод шуда, ҳокими Агра гардид. Солҳои 1699—1706 ҳокими Кобул буд. Сарзамини таҳти нуфузи Аврангзеб байни се писараш (Баҳромшоҳи аввал, номи аслиаш Муҳаммад Муаззам, шоҳзода Аъзам ва Комбахт) тақсим шуда буд. Баъд аз фавти Аврангзеб байни бародарон Баҳромшоҳ ва Аъзамшоҳ низои мусаллаҳ сар зад, ки дар он ду писари Аъзамшоҳ — Бедорбахт ва Олитабор кушта шуда, худи ӯ ҷароҳат бардошт ва бар асари он фавтид. Соли 1708 Баҳодуршоҳи дар наздикии Ҳайдаробод сипоҳи Комбахш шикаст хӯрда, худаш ҳалок гардид ва худ подшоҳи сарзамини бузурги Бобуриёни Ҳинд шуд.

Баҳодуршоҳи ба муқобили моротҳо, роҷпутҳо ва сикҳҳо ҷангида, с. 1708 роҷгурҳоро ба итоати хеш даровард, аммо с. 1710 сикхҳо шӯриш бардоштанд ва ночор бо онҳо сулҳ баст. Баъд аз кушта шудани Тувинд Сикх, ки аз тарафдорони Баҳодуршоҳи буд, шахсе бо номи Бандо бори дигар сикхҳоро ба шӯриш даъват намуд. Ошӯбгарон Сарҳиндро тасарруф намуда, ба Панҷоби Шарқӣ таҳдид намуданд. Баҳодуршоҳи дар с. 1712 Бандоро шикаст дод, лекин дастгир карда натавонист. Баъд аз фавти Баҳодуршоҳи (1712, Лоҳур) байни фарзандонаш Маъзолуддин, Ҷаҳондоршоҳ, Азимушшаън ва Вафеушшаън барои тахту тоҷи подшоҳӣ ҷанг оғоз гардид, ки бо пирӯзии Маъзолуддин анҷом ёфт. Баҳодуршоҳи марди донишманд, саховатпеша ва парҳезгор буд.