Баҳоргел
Зоҳир
БАҲОРГÈЛ (Erianthis longistipitata), гиёҳест бисёрсола.
Баландиаш то 30 см; баргаш панҷашакл, аз бехи поя месабзад. Гулбаргаш зард (аз 5–8 барг иборат аст), мевабаргааш нӯгтез, тухмаш чиндори сабзтоб. Гулаш феврал–май мешукуфад (даври гулшукуфташ 2–3 ҳафта). Баҳоргул дар баландии 750–2000 м аз сатҳи баҳр мерӯяд. Дар қатор кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Мевағул ва мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ паҳн шудааст.
Баҳор бишканад гиёҳи доруист. Бо бехи он касалиҳои пӯстро тарбандӣ мекунанд. Решааш алкалоид дорад. Дар гулпарварӣ низ тавсия шудааст.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.