Баҳорӣ (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баҳорӣ — навъи ангури маҳаллии қадимӣ; селексияи халқист.

Навдаҳои наврустааш ғафс (10–11 мм), сурхча (фосилаи байни буғумҳояш 7–9 см), 28–30 дарсадашон самаровар. Баргаш калони гирда, 5-парра, камчок, канорҳояш қифмонанд. Гулаш дуҷинс. Хӯшааш калон (400–625 г), махрутшакл. Ғужбаш (вазни 100-тоаш 535–541 г) калони лӯнда, зарди сабзтоб, бештар ба тоифии сафед шабоҳат дорад; ғужбаш тунук ва мустаҳкам. Мағзи мевааш хамирак, баъзан карсосӣ, сершираи хуштаъм, бӯйи анҷирро мемонад. Дар таркиби меваи комилан пухтааш 22–25% қанд ва 3,0–3,5 г/л туршӣ мавҷуд аст. Моҳи август мепазад.

Асосан барои тару тоза истеъмол кардан ва хушкондану мавиз кардан истифода мебаранд. Мавизаш мисли мавизи навъҳои ангури Каттақӯрғонӣ ва Султонӣ (ҷавз) хушсифат аст. Навъи серҳосил буда, ҳангоми аз рӯйи нақшаи 3,0 × 2,5 м шинондан аз ҳар га 200–230 сентнер ҳосил гирифтан мумкин. Бинобар тӯлонӣ буданӣ даври нашваш (165–170 рӯз) 40–45 дарсади навдаҳояш то охири тирамоҳ нарасида мемонад. Бештар дар токзорҳои куҳнабунёди ноҳияи Истаравшан ва Ғончии вилояти Суғд парвариш карда мешавад. Токаш ба гармӣ ва камобӣ тобовар аст. Бештар аз сармо ва касалии гарда зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. 1. М., 1963.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]