Jump to content

Баҳринисо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳриниссо Бобомуродова)
Баҳринисо
Баҳринисо Бобомуродова
Тахаллусҳо: Баҳринисо
Таърихи таваллуд: 1 март 1948(1948-03-01) (76 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Баҳринисо (Баҳринисо Бобомуродова; 1 марти 1948, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — шоираи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳринисо Бобомуродова 1 марти соли 1948 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (1968) хатм кардааст. Баъдан ходими илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият»), ҷонишини сардабири маҷаллаи «Шифо», хабарнигори рӯзномаи «Дарду дармон» будааст. Айни замон бо кори эҷодӣ машғул аст.

Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Риштаборон» (1994) ва «Барги сабз» (1987) ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Барфи шукуфа» (1987), «Гули сабр» (1996) ва ғайра мебошад.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 57 ISBN 978-99947-2-379-9