Баҳри Мармар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Баҳри Мармар?
STS040-610-50.jpg
Характеристики
Площадь11 472 км²
Объём4,000 км³
Наибольшая глубина1,355 м
Расположение
40°45′00″ а. шим. 28°00′00″ т. ш.HGЯO
ОкеанУқёнуси Атлантик
Баҳри Мармар дар Викианбор

Баҳри Мармар (тур. Marmara Denizi аз номи ҷазираи Мармара, ки аз он мармари сафед истихроҷ мекарданд; юн.-қад. Προποντίς — «Пропонтида»; аз πρό — «пеш» + πόντος — «баҳр») — баҳри дохили хушкии Уқёнуси Атлантик дар байни Аврупо ва Осиёи Хурд.

Ҷуғрофиё[вироиш]

Дар Шим. Ш. ба воситаи гулулгоҳи Босфор бо Баҳри Сиёҳ дар Ҷ. Ғ. ба воситаи гулулгоҳи Дарданелла бо Баҳри Эгей пайваст мешавад. Масоҳат 11472 км 2. Дарозиаш 280 км, бараш то 80 км, ҷойи амиқтаринаш 1355 м. Ҳаҷми миёнаи об 4 ҳаор км 3. Б. М. дар натиҷаи кафидани қишри Замин ва аз ҳамдигар ҷудо шудани қитъаҳои Аврупо, Осиё ва Африқо пайдо шудааст. Бори нахуст дар маъхазҳо онро с-ҳои 1845-1848 капитан-лейтенанти флоти баҳрӣ М. П. Манганари зикр кардааст. Аҳамияти гидрологӣ ва биологии баҳрро с-ҳои 1890-1891 олимони рус С. О. Макаров ва И. Б. Шпиндлер таҳқиқ кардаанд. Ба баҳр дарёҳои Граник ва Сусурлук мерезанд. Соҳилҳояш асосан кӯҳӣ буда, соҳилҳои шимолӣ сахраҳои (рифҳои) зиёди зериобӣ доранд. Ҷаз-ҳои бузургтаринаш Мармара ва Шаҳзода. Оби баҳр ях намебандад, ҳарорати об зимистон 9 С, тобистон то 29 С, шӯрии об то 26 %. Набототу ҳайвоноти Баҳри Мармар мисли Баҳри Миёназамин буда, аз он асосан моҳӣ (скумбрия) мегиранд. Муҳимтарин самтҳои ҳаракати киштиҳои боркаши Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин ба воситаи Баҳри Мармар сурат мегиранд. Дар соҳили шим. шарқии Баҳри Мармар шаҳри Истанбул ва истироҳатгоҳҳои машҳури Эдену Мудания ҷойгиранд.

Декабри соли 1999 дар натиҷаи тӯфони баҳрӣ дар Баҳри Мармар киштии боркаши Россия — «Волгонефт 248» ғарқ шуда, маҳсулоти зиёди нафтӣ бо оби баҳр омехта гардид.

Адабиёт[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]