Бебел, Август

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бебел, Август
олмонӣ: August Bebel
Сурат
Санаи таваллуд:

22 феврал 1840(1840-02-22)[1][2][…]

Мамлакат:
Санаи марг:

13 август 1913(1913-08-13)[1][5][…] (73 сол)

Соядаст:

SignaturAugustBebel.jpg

Commons-logo.svg Бебел, Август дар Викианбор

Фердина́нд А́вгуст Бе́бел (олмонӣ: Ferdinand August Bebel; 22 феврал 1840, Кёлн — 13 августи 1913, Курвалден, Швейсария) — ходими сиёсӣ ва яке аз асосгузорони сотсиал-демократияи Олмон.

Зиндагинома[вироиш]

Август Бебел дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар ш. Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарварии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксонияро таъсис дод. Баъди як сол Бебелро раиси Шӯрои иттифоқҳои коргарӣ интихоб намуданд ва дар ин айём ӯ бо Интернатсионали I робита барқарор намуд. Баъд аз он, ки дар сафи демократҳо ҷудоиҳо (либералҳо, буржуазҳо) ба амал омаданд, иттифоқҳои боқимонда ва Ҳизби халқии Саксония с. 1869 дар ҳизби коргарии сотсиал-демократӣ муттаҳид гардиданд. Дек. 1870 Б. ҳабс шуд, лекин марти 1871 баъди интихоб шудан ба рейхстаг озод гардид. Тарафдори Коммунаи Париж буд. Соли 1875 якҷо бо Либкнехт ҳизби ташкилкардаи сотсиал-демократии коргариро бо тарафдорони Ф. Лассал ба ҳизби ягонаи сотсиал-демократӣ муттаҳид намуд. Ӯ усулҳои муборизаи синфӣ ва интернатсионализми пролетариро таъкид мекард. Дар қабули Барномаи дуюми Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (1891) нақши муҳим дошт. Бебел корманди пешбари рӯзномаи ҳизбии «Форверст» буд. Соли 1884 рисолаеро бо номи «Давраи мадании муҳаммадии арабӣ» (Магометанско-арабский культурный период) чоп кард. Он то давраи Империяи Усмонии а. 16-ро дар бар мегирад. Ҳоло асари мазкурро ҳамчун нутқи рӯзмарраи ҳимояи сулҳи байни тамаддунҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Китоби ӯ «Зан ва сотсиализм» (1883) ба чандин забон, аз ҷумла ба забони русӣ тарҷума шудаст. Яке аз майдонҳои марказии Берлин номи Бебелро гирифтааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  2. В. В—в Бебель, Фердинанд-Август // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. III. — С. 252–253.
  3. J. W. He. Bebel, Ferdinand August // 1911 Encyclopædia Britannica — 11 — New York City: 1911. — Vol. 3. — P. 601. — ISBN 0-671-76747-X
  4. LIBRIS — 2012.
  5. Encyclopædia Britannica
  6. SNAC — 2010.

Адабиёт[вироиш]

  • Овчаренко Н. Е., А. Бебель. Краткий очерк жизни и деятельности. М., 1963.