Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бед

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бед
Таснифи илмӣ

Бед (лот. Sálix) — дарахте аз оилаи бедиҳо. Бедҳо навъҳои гуногун (тахминан 300) доранд, ки баъзеашон аз рӯи нишонаҳои зоҳириашон аз якдигар фарқи зиёд доранд. Бед аз қаламча ва навда, баъзан аз тухмаш низ зиёд карда мешавад. Бед дарахти рӯшноидӯст аст, вале баъзе навъҳояш дар ҷои соя низ нағз месабзад.