Jump to content

Бедона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедона
Бедонаи мода
Бедонаи мода
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Coturnix coturnix (Linnaeus, 1758)
Зернамуд
Шомили 8 зернамуд
Вазъияти ҳифз

Бедона, вартиш, варшик, карак, салво, вушм (Coturnix coturnix (Linnaeus, 1758); номи илмии куҳнашуда — лот. Coturnix dactylisonans s. communis[1]), — як навъ парандаи хушхон аз оилаи тазарвиҳо.

Намуди зоҳирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии танаш 16-20 см, вазнаш 100—145 г. Парҳои пушташ қаҳваранг буда, рахҳои сиёҳу сафед дорад. Парҳои синааш қаҳваранги зардтоб; парҳои синаи мошак рангоранг. Нӯл ва пояш ҷигариранги гулобитоб.

Дар Тоҷикистон бедона парандаи мавсимӣ аст. Дар соҳили дарёҳои Зарафшон, Исфара, Кофарниҳон, Панҷ, пуштакӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (то баландии 3000 м) нимаи апрел пайдо шуда, охири Август парида меравад. Зимистонро дар Африқо ва қисми ҷанубу ғарбии Осиё мегузаронад.

Бедона дар замин лона сохта, 9-20 дона тухм мегузорад. Тухмро мошак мехобонад. Баъди 16-17 рӯз аз тухм чӯҷа мебарояд.

Тарзи зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғизои бедона асосан рустанӣ (тухм, муғҷа, навда), баъзан ҳашарот аст.

Нуриҳои минералӣ ва пеститсидҳое, ки ба кишт мепошанд, бедонаро заҳролуд ва саршумори онро кам мекунад.

Одамон ва бедонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Осиёи Марказӣ бедонаро чун парандаи хушхон, инчунин ба мақсади бедонаҷанг дар қафас нигоҳ медоранд.

Дар баъзе мамлакатҳо онро барои гӯшташ ва тухмаш парвариш мекунанд. Дар Ҷопон парвариши бедона солҳои 30 садаи XX ба роҳ монда шудааст. Дар он ҷо хоҷагиҳои калони бедонапарварӣ мавҷуданд, ки соле то 700—800 ҳазор бедонаи гӯштӣ ва даҳҳо млн тухм мегиранд. Мошаки бедонаи ҷопонӣ дар 35 — 40-рӯзагӣ ба тухм даромада, соле 250—300 дона тухм медиҳад.

Тухми бедона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тухми бедона хеле серғизо буда, барои табобати холетсистити музмин, зиқи нафас, бемориҳои дил, асаб ва ғ. истифода мегардад. Истеъмоли тухми бедона боиси аллергия намешавад. Тухми бедона хунро тоза карда, фишори онро мефарорад, миқдори гемоглобинро зиёд ва моддаҳои радиоактивро аз организм хориҷ менамояд. Истеъмоли он хусусан барои ашхосе, ки сактаи дилро аз сар гузарондаанд, муфид аст. Олимон исбот кардаанд, ки тухми бедона рушду инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдаконро тезонда, ҳофизаро қавӣ, биноиро равшан ва асабҳоро устувор мегардонад. Аз ин рӯ, талабагони ҷопонӣ пеш аз дарсҳо рӯзе ду дона тухми бедона истеъмол мекунанд. Табибони мардумӣ бо тухми бедона бемориҳои ҷигар, гурда, меъда, ғадуди сипаршакл, камхунӣ, диабети қанд, сил, заъфи асабҳоро муолиҷа менамоянд. Тухми бедона санги гурда, ҷигар ва талхадонро майда карда мерезонад, қувваи боҳро меафзояд, барои рафъи аденомаи простата нофеъ аст.

Тухми бедона нисбат ба тухми мурғ бартарӣ дорад, зеро дар таркиби он витамину микроэлементҳо бисёр мебошанд.

Бедонапарварӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвариши бедона дар Тоҷикистон солҳои 70 садаи 20 оғоз ёфт. Феълан дар хоҷагиҳои парандапарварӣ ва фермерии ҷумҳурӣ зиёда аз 50 ҳазор сар бедона парвариш меёбад (2011). Мутахассисон муқаррар кардаанд, ки дар Тоҷикистон барои истеҳсоли гӯшт и зоти фиръавнӣ, тухму гӯшт бедонаи зоти эстонӣ ва англисии сиёҳ, барои тухм бедонаи зоти ҷопонӣ мувофиқ аст. Бедонаро дар қафас 30-50-сарӣ нигоҳубин мекунанд. Барои гирифтани насл мошакро бо бедонаи нарина (ду мошаку як нарина) нигоҳ медоранд. Ба бедона омехтаи ҷуворӣ, гандум, орди устухону гӯшт ва моҳӣ, кунҷораи лӯбиёи чинӣ, ғизоҳои маъданӣ (оҳаксанги бӯр) медиҳанд.

Бедонаҳо ба ҳашт зернамуд ҷудо мешаванд:

  • C. c. africana
  • C. c. confisa
  • C. c. conturbans
  • C. c. coturnix
  • C. c. erlangeri
  • C. c. inopinata
  • C. c. parisii
  • C. c. ragonierii