Бедонаи кевронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедонаи кевронӣ — навъи маҳаллии ангур, селексияи халқист.

Асосан дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ва ҳаволии он мепарваранд. Токаш сустсабз, навдаҳояш камҳосил, баргаш калон-калони гирда, 5-гӯша, дандонадор; гулаш дуҷинса. Мевааш охири авг. мепазад; хӯшааш миёнаҳаҷми камғуҷум. Ғужбаш лӯнда, сабзи зардчатоб, 2–3 тухми норасида дорад; ғужмаш ғафс, мағзаш сершира ва хуштаъм. Дар таркибаш 20–23% қанд ва 4–4,3 г/л туршӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]