Бедонаи майдамева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедонаи майдамева — навъе аз тутҳои маҳаллӣ.

Дарахташ сустсабз, баргаш миёнаҳаҷми байзашакл (дарозиаш 3-5 ва бараш 3-4 см), дандонадор. Мевааш майда, бедона, сафеди тира, серобу ширин ва хуштаъм, 9,6 — 10,4 % қанд дорад; аз нимаи май то охири июл пасопеш мепазад. Меваашро асосан тар мехӯранд, тутмавиз мекунанд,

аз он ширинӣ мепазанд. Борварияш миёна. Асосан дар деҳаҳои баландкӯҳи водии Зарафшон маъмул аст. Дарахтони пайвандӣ ва хасаки онро бештар дар деҳаҳои Дардар, Рарз, Искодару Хушекати ноҳияи Айнӣ, инчунин аксар деҳаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ мепарваранд. Дарахташ бештар аз кирмаки комсток ва баргхӯраки тут зарар мебинад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Смолский Н. В. Культура тутового дерева в Зеравшанской долине// Плодовые Среднего Таджикистана. Д., 1935.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]