Jump to content

Бектош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бектош
Нарзуллоҳ Ҳайдарӣ (Бектош)
Таърихи таваллуд: 10 сентябр 1900(1900-09-10)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 1938(1938)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: забоншинос, адабиётшинос
Забони осор: забони тоҷикӣ

Бектош (тахал. ному насабаш Нарзуллоҳ Ҳайдарӣ; 10.9.1900, деҳаи Боғи Майдони Самарқанд – 1938, Сталинобод) — адабиётшинос, забоншинос, тарҷумон ва мунаққиди тоҷик. Яке аз асосгузорони филологияи муосири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи омӯзишгоҳи таълиму тарбияи шаҳри Самарқанд ва Институти омӯзгории Боку (1922). Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд (дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ ва шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Осиёи Миёна) ба тадрис ва корҳои адабӣ машғул шудааст. Узви Шӯрои илмии назди Комиссариати маорифи Тоҷикистон (1928), ҳайати таҳририяи маҷ. «Раҳбари дониш» ва узви ҳайати Кумитаи ташкилии даъвати Анҷумани илмии забоншиносони Тоҷикистон (1930) интихоб шудааст. Соли 1930 ба Сталинобод (ҳоз. Душанбе) омада, дар Институти таҳқиқоти илмии назди Комиссариати маорифи Тоҷикистон бахши тоҷикшиносӣ (кишваршиносӣ)-ро сарварӣ намудааст. Баъдтар мудири сектори (шуъбаи) таърихи адабиёти Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС таъйин гардид. Ҳамзамон дар Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) аз фанҳои таърих ва адабиёт, дарс додааст. То замони бегуноҳ ба ҳабс гирифта шудан (1937) устоди донишгоҳи мазкур буд.

Фаъолияти илмӣ ва адабии Бектош серпаҳлу мебошад. Ӯ с-ҳои 20 садаи 20 дар бахши забоншиносӣ ба масъалаҳои алифбо, хусусияти овоии забон ва забони адабии тоҷикӣ, истилоҳгузинӣ, имло ва ғ. таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин самт мақолаҳои «Аз куҳна ба нав. Тезис барои ташвиқотчиёни алифбои нави тоҷикӣ », (1928), «Дар атрофи забони адабии тоҷик »-ро (1930), навиштааст. Дар таълиф ва таснифи «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1932, ки ба сабаби айбмониҳои сиёсӣ ба табъ нарасид) иштирок кардааст. Фаъолияти Б. дар бахши адабиётшиносӣ дар ду самт: таҳқиқи таърих, назарияи адабиёт ва нақди адабӣ ҷараён гирифтааст. Мақолаи «Абулқосим Фирдавсӣ» (1932), рисолаи «Садриддин Айнӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933) аз нахустин пажӯҳишҳои мукаммал дар бораи устод С. Айнӣ ва Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ мебошанд. Дар китоби «Вазни манзумаи тоҷикӣ» (1935) оид ба таҳаввули вазнҳои шеъри тоҷикӣ – ҳиҷоӣ ва арӯзӣ баҳс ороста, онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст.

Бектош муаллифи аввалин дастурамали гирдоварии фолклор (1930), ташкилкунандаи «Слёти ашӯлачиён ва ҳофизони тоҷикзабон » (1931), мақолаи «Дар атрофи мусиқии классикии тоҷик» (1932), Дар бораи В. Маяковский, П. Сулаймонӣ, Б. Азизӣ, Ҷ. Икромӣ ва диг. адибони замони шӯравии тоҷику рус мақолаҳо дорад. Бектош муаллифи китобҳои дарсӣ-тарбиявӣ: «Дар бораи Офтоб, Замин, Моҳ ва ситорагон» (1928), «Меҳнат ва дониш» (1930, ҳамроҳ бо Лубенсов), «Хрестоматияи адабиёт. Китоби қироати адабиёт барои синфҳои ҳафтум ва техникумҳо » (1932) ва ғ. мебошад.

Бектош соли 1945 дар ҷойи деҳаи хурд бунёд ёфтааст. Аз Хуҷанд то Бектош (49 км) автобус мегардад.