Jump to content

БелАЗ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
БелАЗ
Навъ ширкат[d] ва truck manufacturer[d]
Таъсисёбӣ 1948
Макон
Бахш санъати худравсозӣ[d]
Сармояҳои хусусӣ
Гардиш
Шумораи кормандон
Ширкатҳои духтарӣ MaAZ[d][2] ва Kuzlitmash[d][3]
Сайт belaz.by(белор.)(рус.)(англ.)(чинӣ)
БЕЛАЗ-75570

БелАЗ (русӣ: Белорусский автомобильный завод) — номи заводи истеҳсоли техникаи боркаши калонҳаҷм (самосвалҳо, булдозерҳо, борбардорҳо, ядакҳо ва ғайра) ва тамғаи истеҳсолии он.

Таърихи таъсис

[вироиш | вироиши манбаъ]
Марка, Итиҳоти Шӯравӣ, 3 копейк, 1971. БелАЗ-540

Завод соли 1948 таъсис ёфт. Он дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Жодино (50 км аз Минск Белорусия) қарор дошт. 17 апрели соли 1958 корхона номи «Заводи автомобилсозии Белоруссия» (БелАЗ)-ро гирифт. Нахустин самосвали тамғаи МАЗ-525 аз конвейери завод 7 ноябри 1958 баромад, ки онро тарроҳони заводи автомобилсозии Минск (МАЗ) тарҳрезӣ карда буданд. Соли 1960 дар завод гурӯҳи тарроҳӣ ташкил карда шуд. Пас аз як сол (сентябри 1961) намунаи таҷрибавии худрави самосвали БелАЗ — 540 (борбардориаш 27 т) сохта шуд. Соли 1965 истеҳсоли оммавии ин тамғаи самосвалҳо оғоз ёфта, ба оилаи самосвалҳои бузургҳаҷм ибтидо гузошт. Соли 1968 завод аввал ба истеҳсоли самосвали 40-тоннагии БелАз — 548А ва сипас 75-80-тоннагии БелАЗ — 549 шурӯъ кард. Соли 1969 дар асоси самосвали тамғаи БелАЗ-549 намунаи автопоезди БелАЗ-549В-5275 (борбардориаш 120 т) ва соли 1973 автопоезд-ангишткашони БелАЗ-7420-9590 (борбардориаш 120 т), соли 1977 намунаҳои таҷрибавии самосвали БелАЗ-7519 (борбардориаш 110—120 т) сохта шуданд. Азхуд намудани конҳои бузурги маъданҳои зеризаминӣ дар Ёқутистон ва Кузбасс истеҳсоли самосвалҳои боз ҳам калонтарро тақозо мекард. Аз ин сабаб соли 1983 завод ба истеҳсоли оммавии самосвали БелАЗ-75211 (борбардориаш 170—220 т) оғоз кард.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС мошинаҳои насли нав — самосвали карйерии (кони санг) 55-тоннагии БелАЗ-7555 истеҳсол мешуд, ки аз пешинаҳо якчанд бартарии техникӣ дошт. Соли 1996 корхона боз як модели нави самосвалҳои конии БелАЗ- 75131 (борбардориаш 130 т)-ро истеҳсол кард. Сентябри 2005 завод ба истеҳсоли самосвалҳои конии БелАЗ- 75600 (борбардориаш 320 т) оғоз намуд.

Вазъи кунунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
БЕЛАЗ-75450

Ба муносибати 50-солагии завод апрели 2010 намунаи таҷрибавии самосвали конии БелАЗ-75601 (борбардориаш 360 т) тайёр карда шуд. Завод дар тӯли таърихи худ зиёда аз 600 навъи самосвалҳои конии борбардориашон аз 27 то 360 т-ро бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор адад истеҳсол карда, ба 70 давлати ҷаҳон равона сохтааст.

Мошинҳои БелАЗ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хидмати самосвалҳои тамғаи БелАЗ дар сохтмони НБО-и Норак, НБО-и Роғун ва дигар иншооти энергетикии Тоҷикистон назаррас аст.


  1. 1.0 1.1 http://epfr.gov.by/file/82885/content
  2. https://www.moaz.by/o-predpriyatii/istoriya/29-about/153-history
  3. http://kuzlitmash.by/about-2/istorija-zavoda/
  4. https://belaz.by/upload/userfiles/BELAZ_2018_IFRS_Audit_RUS_issued.pdf