Беллинсҳаузен (баҳр)
Jump to navigation
Jump to search
![]() |
БЕЛЛИНСҲÁУЗЕН, баҳри канории Уқёнуси Ором дар назди соҳилҳои Антарктида. Дар байни нимҷазираҳои Антарктида ва Терстон воқеъ аст. Умқаш 410–470 метр. Ҳарорати об 0оС ва аз он ҳам паст буда, тобистон шӯриаш то ба 33,5 дарсад мерасад. Соҳилҳояш кӯҳсор, бо пиряхҳо иҳота шудаанд. Ҷазираҳои калонаш – Пётри I ва Замини Александри I. Тамоми сол дар қисми зиёди сатҳи баҳр яхҳо ва айсбергҳо шино мекунанд. Онро соли 1821 баҳрнавардони рус Ф. Ф. Беллинсҳаузен ва М. П. Лазарев кашф кардаанд.
Манбаъ[вироиш]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |