Беллоу Сол
![]() |
Беллоу Сол | |
---|---|
Saul Bellow | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 10 июни 1915 |
Зодгоҳ: | Лашин, Квебек, Канада |
Таърихи даргузашт: | 5 апрели 2005 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Забони осор: | инглисӣ[6] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
![]() |
БЕЛЛÓУ Сол (инглисӣ: Saul Bellow ному насаби аслиаш Соломо́н Бело́ус; 10 июни 1915, Лашин, Квебек, Канада — 5 апрели 2005, Бруклайн, Массачусетс, ИМА), нависандаи амрикоӣ. Оилаи Беллоу соли 1913 аз Петербург ба Канада муҳоҷират кард ва ӯ дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Баъдан, аз с. 1924 ба ин тараф ӯ сокини шаҳри Чикаго (ИМА) шуд ва дар ҳамин ҷо зиндагиву эҷод намудааст. Дар донишгоҳҳои Чикаго ва Шимоли Ғарб таҳсил кард. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) дар хидмати артиши ИМА буд. Дар донишгоҳҳои Пристон, Ню-Йорк, Чикаго ва ғайра дарс медод. Аз соли 1993 сокини Вермонт. Пас аз нашри романи «Инсон байни замину осмон» (1944) чун нависанда шӯҳрат ёфт. Ба ӯ инчунин романҳои «Қурбонӣ» (1947), «Саргузашти Оги Марч» (1953), «Гендерсон, шоҳи борон» (1959), «Герсог» (1964), «Ҷаҳони мистер Саммлер» (1970), «Зимистони профессор» (1982), «Равелштейн» (2000), повестҳо дар мавзӯи ахлоқи ҷомеа, пйесаи «Ташхиси охирин» (1964), эссеҳо, мақолаҳо дар бораи баъзе адибон ва ғайра тааллуқ доранд. Мунақиддон Беллоуро чун устоди сухани муҷаз ва асарҳои калонҳаҷм эътироф намудаанд. Дорандаи Мукофоти Нобел (1976).
Осор[вироиш]
- Между небом и землей. Лови момент. Москва, 2000;
- На память обо мне. Повести и рассказы. Москва, 2000.
Сарчашма[вироиш]
- * Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- ↑ http://www.legacy.com/ns/obituary.aspx?pid=3383638
- ↑ http://www.nytimes.com/2005/04/06/books/06bellow.html?8hpib
- ↑ https://www.nytimes.com/books/00/04/23/specials/bellow.html
- ↑ http://www.nytimes.com/2001/12/09/books/actions-speak-only-as-loud-as-words.html
- ↑ http://www.nytimes.com/2001/12/09/books/review/09GRAYLT.html
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Википедиа:Мақолаҳо бо викификатсияи дастии таърих дар қуттӣ
- Даргузаштагони ИМА
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Нависандагони ИМА
- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик