Белуга
Зоҳир
БЕЛУГА | |
---|---|
Таснифоти илмӣ | |
Намуд: | Муҳрадорон |
Гурӯҳ: | Моҳиҳо |
Оила: | Тосмоҳиҳо |
Номи лотинӣ: | |
Huso huso | |
БЕЛУГА (лотинӣ: Huso huso), як навъ моҳии ғизоӣ. Мансуб ба оилаи тосмоҳиҳост. Дарозиаш то 9 метр, вазнаш то 1 тонна (баъзан то 1,5 тонна). Аз дигар тосмоҳиҳо бо даҳони калон ва ғалсамапардаҳои васлшуда фарқ мекунад. Дар баҳрҳои Каспий, Сиёҳ, Азов, Адриатик маскун шудааст. Дар 12– 18-солагӣ ба балоғат мерасад. Барои афзоиш ба дарёҳо баромада, 0,5–5 млн тухм мегузорад. Моҳичаҳо ба баҳр гузашта, он ҷо ғизо (нармбаданҳо ва харчангшаклҳо) мегиранд. Ғизои Белугаҳои калон вобла, шӯрмоҳӣ, сагмоҳӣ, ширмоҳӣ ва ғайра аст. Тухми Белуга аз тухми тосмоҳиҳои дигар калонтар мебошад. Шумораи Белуга аз сабаби бунёд кардани иншоотҳои техникӣ ва ифлос гаштани ҳавзаҳои оби дарёҳо хеле кам шудааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ А. Расулов.