Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бемории вабо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бемории вабо
ИхтисосИнфектология, emergency medicine Edit this on Wikidata
Бемории вабо
МКБ-9 001
OMIM 166600
DiseasesDB 29089
MedlinePlus 000303
eMedicine / 
MeSH D002771

Бемории вабо, холера юн.-қад. χολή «заҳра» ва ῥέω «ҷорӣ шудан» — бемории шадиду хавфноки сироятӣ.

Ангезандаи Вабо. (лот. Vibrio cholerae) вибрион ном дошта, онро соли 1883 микробиологи олмонӣ Р. Кох кашф кардааст. Вибриони В. зери таъсири нури офтоб, ҳарорати баланд (мас., ҷӯшонидан) ва беобӣ зуд маҳв мешавад; дар оби равон 3–5 ва дар наҷосат то 30 рӯз, дар ҷойи торику намнок то 2 моҳ зинда мемонад, ба таъсири маводди гандзудо (дезинфексия) ва маҳлули кислотаҳо тоб намеорад. Манбаи сироят бемор, бемори шифоёфта ва ҳомилони ангезаи Вабо мебошанд. Ангезаҳои беморӣ ба муҳит ба воситаи наҷосат ва қай хориҷ мешаванд. Ангезаҳоро хусусан ашхоси гирифтори Вабои сабук ва ниҳонӣ, инчунин магасҳо паҳн мекунанд. Ангезаи Вабо ба воситаи хӯрокворӣ, об, ҳамчунин дасти чиркин ва асбобҳои рӯзгор, ки аз наҷосат ва қайи бемор олуда гаштаанд, мегузарад. Вогириҳои Вабо тамосӣ, маишӣ, обӣ, ғизоӣ ва омехта мешаванд. Бештар вогириҳои обӣ ва обиву тамосии Вабо дучор меоянд. В. асосан тобистону тирамоҳ авҷ мегиранд. Ангезаҳои Вабо ба ҷисми одам аз роҳи узвҳои гувориш (ҳозима) ворид мешаванд. Онҳо аксаран дар меъда зери таъсири кислотаи хлорид маҳв мегарданд. Беморӣ ҳамон вақт сар мезанад, ки агар ангезаҳо аз меъда гузашта, дар рӯдаи борик ҷой гиранд ва афзоиш ёфта хориҷ шаванд. Давраи ниҳонии Вабо аз чанд соат то 5 шаборӯз (бештар 2–3 рӯз) давом мекунад. Вобаста ба зоҳир шудани аломатҳои В., ки асосан камшавии об дар бадан аст, он сабук, миёна, вазнин ва беҳад вазнин мешавад. Олими рус В. И. Покровский чаҳор дараҷаи камоб гардидани баданро муайян кардааст: дараҷаи I – об баробари 1–3 дарсади массаи бадан кам мешавад (Вабои сабук); дараҷаи II– камшавии моеот ба 4–6 дарсад мерасад (Вабои андаке вазнин); дараҷаи III – тақр. 7–9 дарсади оби андомгон кам мешавад (Вабои вазнин); дараҷаи IV– камшавии моеот 9 дарсадро ташкил мекунад (Вабои беҳад вазнин).

Ташхиси Вабо дар давраи вогирӣ (эпидемия) чандон душвор нест. Онро ҳатто метавон фақат дар асоси аломатҳои беморӣ (клиникӣ) муайян намуд. Дар маҳалҳои вабозада беморон ва ашхоси гирифтори амрози шадиди меъдаву рӯда бояд ҳатман ошкор карда шаванд; кормандони тиббӣ ҳавлӣ ба ҳавлӣ гарданд, беморонро ба қайд гирифта, дар шифохона бистарӣ гардонанд.

Доруҳое, ки барои табобати В. истифода мешаванд, мувозанати обу намакро дар организм барқарор сохта, заҳролудиро рафъ ва ангезаи бемориро маҳв менамоянд. Одатан, пас аз 15–25 дақиқаи истифодаи маҳлули намак набз ва фишори шараён рӯ ба беҳбудӣ меорад. Баъди 30–45 дақиқа дамкӯтаҳӣ рафъ, кабудии пӯст (сианоз) кам, забон тар ва овозу набз пайдо мешавад.

Бо мақсади ба дигар маҳалҳо паҳн нагаштан, манбаи В.-ро зуд барҳам додан лозим аст.

Солҳои 90 садаи XX ва миёнаи солҳои 2000-ум дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба Вабо гирифтор шудани одамон ҷой доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ садҳо нафар бемор гаштанд, вале бо андешидани тадбирҳои зарурӣ эпидемия пешгирӣ карда шуд.

Ҳангоми пайдоиши Вабо маҳалро мамнӯъ (карантин) эълон карда, рафтуомади одамонро манъ менамоянд. Беморон, инчунин ашхоси ба бемории Вабо гумонбар, зуд дар бемористон бистарӣ ва манзили онҳо гандзудоӣ (дизенфексия) карда мешавад. Ҳомилони вибрион ва одамонеро, ки бо онҳо алоқа доштанд, дар ҷойи алоҳида бистарӣ мекунанд, манзил ва асбобу анҷоми онҳоро безарар мегардонанд. Беморони шифоёфта баъди 3 бор натиҷаи манфӣ додани таҳқиқ (кишт)-и наҷосат аз касалхона ҷавоб дода мешаванд. Онҳо ва ҳамчунин ашхосе, ки бо беморон алоқа доштанд, тӯли як сол зери назорати дармонгоҳи махсус қарор мегиранд.

Тамсоли марг, ки беморони марговари ваборо медаравад. Муқоваи маҷаллаи аввали асри XX
Бемории вабо дар Африқо дар соли 2008
Қабристони собиқи вабо дар Шветсия

Инсоният дар тӯли таърихи худ гоҳ-гоҳ аз хуруҷҳои харобиовари вабо азият мекашид. Ҳамаи пандемияҳои вабо дар саросари ҷаҳон аз водии дарёи Ганг паҳн шудаанд, ки дар он ҷо ин беморӣ аз замони антиқа маълум аст[1]. Гармии доимӣ, олудагии обҳои дарё ва ҷамъшавии оммавии одамон дар назди дарёҳо ҳангоми маросимҳое мисли Кумбха-мела, ба паҳншавии беморӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон мусоидат мекарданд.

Гарчанде ки дар Аврупо дар бораи вабо ҳанӯз Гиппократ ва Гален навишта буданд[2], то асри XIX ин беморӣ дар ҷануби Осиё маҳдуд буд. Аз соли 1817 мавҷи пандемияҳои пайваста оғоз мешавад, ки дар асри XIX нисбат ба хуруҷи ҳар бемории дигар бештар ҷони одамонро рабудаанд. Чунин фарзия мавҷуд аст, ки сабаби пандемияҳо мутатсияи барангезандаи вабо дар Бангола дар «соли бе тобистон» гардид, ки бар асари шароити ғайримуқаррарии обу ҳавои соли 1816 ба вуҷуд омада буд[3].

Дар соли 1817 пандемияи якуми вабо бидуни истисно ҳамаи кишварҳои Осиёро фаро гирифт ва то ба Астрахан расид. Танҳо дар Бангкок на камтар аз 30 ҳазор сокин ба ҳалокат расиданд ва шумораи умумии қурбониёни пандемия бо рақамҳои шашрақамӣ ҳисоб карда мешавад. Танҳо зимистони ғайримуқаррарии сарди солҳои 1823—1824, ки ҳатто дар кишварҳои ҷанубӣ дарёҳоро ях баст, нагузошт, ки беморӣ ба Аврупо ворид шавад.

Пандемияи дуюми вабо дар ҳамвориҳои Ганг дар соли 1829 хуруҷ кард ва пурра 20 сол давом ёфт. Такмили роҳҳои алоқа, ҳаракати доимии артишҳо ва тиҷорати мустамликавӣ паҳншавии бемориро дар байни кишварҳо осон мекарданд. Дар давоми ин пандемия беморӣ бори аввал ба Аврупо, ба ИМА ва ба Ҷопон ворид шуд.

Авҷи эпидемия дар Русия ба нимаи дуюми соли 1830 ва нимаи аввали соли 1831 рост омад. Одамони ноогоҳ дастаҳоеро, ки ба безараргардонии чоҳҳо бо оҳакхлорид машғул буданд, заҳролудкунанда пиндошта, барои ҷустуҷӯи душманон ба беморхонаҳои давлатӣ ҳуҷум мекарданд — дар кишвар мавҷи шӯришҳои вабо ба амал омад.

Пандемияи сеюми вабо ба солҳои 1850 рост омад ва бо замони Ҷанги Қрим мувофиқат кард. Танҳо дар Русия шумораи қурбониён аз як миллион нафар гузашт[4]. Ин эпидемия марговартарин дар асри XIX буд[5]. Сироятёбии панҷсад нафар дар моҳи сентябри соли 1854 дар маркази Лондон Англияи Викторияро ба даҳшат овард ва ба шарофати тадқиқоти Ҷ. Сноу, такмили системаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияро суръат бахшид. Дар маҷмӯъ олимон ҳафт пандемияи ваборо ҷудо мекунанд:

Пандемияи якум, солҳои 1816—1824

Пандемияи дуюм, солҳои 1829—1851

Пандемияи сеюм, солҳои 1852—1860

Пандемияи чорум, солҳои 1863—1875

Пандемияи панҷум, солҳои 1881—1896

Пандемияи шашум, солҳои 1899—1923

Пандемияи ҳафтум, солҳои 1961—1975

Дар соли 1905 дар истгоҳи карантинии Эл-Тор намуди нави барангезанда ҷудо карда шуд, ки ба шарафи истгоҳ номгузорӣ гардид. Пандемияи ҳафтум, бархилофи пандемияҳои қаблӣ, тавассути вибриони Эл-Тор(англ.) ба вуҷуд омадааст[6].

Бо оғози пандемияҳо донишҳои илмӣ дар бораи вабо ташаккул ёфтанд. Вақте ки беморӣ ба қисмҳои артиши Бритониё дар Ҳиндустон зарба зад, тадқиқотҳои аввалин пайдо шуданд, ки ба дарки беҳтари сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ ва роҳҳои табобати муносиби он равона шуда буданд. Аммо то нимаи асри XX вабо яке аз хатарноктарин бемориҳои эпидемикӣ боқӣ мемонд, ки садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо ҷонро мерабуд.

Вабо дар ҷаҳони муосир: ██ минтақаҳои эндемикӣ ██ хуруҷҳои даврии беморӣ

Дар ҷаҳони муосир вабо дигар он хатареро, ки қаблан дошт, надорад, аммо то ҳол ҳолатҳои алоҳида ва ҳатто хуруҷи эпидемияи вабо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камбизоат, махсусан ҳангоми офатҳои табиии оммавӣ, масалан, ҳангоми заминларзаҳо ба қайд гирифта мешаванд. Чунончи, эпидемия дар Гаити, ки моҳи октябри соли 2010 оғоз ёфт, 7 % аҳолии ин давлатро фаро гирифт ва то моҳи майи соли 2015 ҷони 9700 нафарро рабуд[7].

Мақолаи асосӣ: Вибриони вабо

Зиёда аз 150 серогурӯҳҳои Vibrio cholerae маълуманд, ки бо О-антиген фарқ мекунанд; онҳоро ба вибрионҳои вабои бо хунобаи типи О1 агглютинатсияшаванда (V. cholerae O1) ва ба вибрионҳои ба вабо монанд — НАГ-вибрионҳо, ки бо хунобаи типи О1 агглютинатсия намешаванд (V. cholerae non О1, мувофиқан: V. cholerae О2, О3 ва ғайра қайд мешаванд) ҷудо мекунанд[8].

Вабои «классикӣ» тавассути вибриони вабои серогурӯҳи О1 ба вуҷуд меояд. Ду биовар (биотип)-и ин серогурӯҳро фарқ мекунанд: классикӣ (V. cholerae biovar cholerae) ва Эл-Тор (V. cholerae biovar eltor)[9].

Аз рӯи хусусиятҳои морфологӣ, културалӣ ва серологӣ онҳо ба ҳам монанданд: чӯбчаҳои кӯтоҳи каҷшудаи ҳаракаткунанда, ки қамчинча доранд, аэробҳои грамманфӣ, бо рангҳои анилинӣ нағз ранг мегиранд, спора ва капсула ҳосил намекунанд, дар муҳитҳои ишқорӣ (pH 7,6-9,2) дар ҳарорати 10-40 °C мерӯянд. Вибрионҳои вабои Эл-Тор бархилофи вибрионҳои классикӣ қодиранд эритроситҳои гӯсфандро гемолиз кунанд (на ҳамеша).

Ҳар яке аз ин биотипҳо аз рӯи О-антиген (соматикӣ) ба серотипҳо ҷудо мешаванд. Серотипи Инаба (Inaba) дорои фраксияи С, серотипи Огава (Ogawa) — фраксияи B ва серотипи Гикошима (Hikojima) — фраксияҳои А, B ва С мебошанд. Н-антигени вибрионҳои вабо (қамчинчагӣ) — барои ҳамаи серотипҳо умумӣ аст. Вибрионҳои вабо токсини вабо — энтеротоксини сафедавиро ҳосил мекунанд.

НАГ-вибрионҳо дараҷаҳои гуногуни вазнини диареяи ба вабо монандро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан метавонад бо марг анҷом ёбад.

Ҳамчун мисол метавон эпидемияи калонеро овард, ки тавассути V. cholerae серогурӯҳи О139 Bengal ба вуҷуд омадааст. Он моҳи октябри соли 1992 дар бандари Мадрас-и Ҷануби Ҳиндустон оғоз ёфта, бо суръат дар соҳилҳои Бангола паҳн шуд ва моҳи декабри соли 1992 ба Бангладеш расид, ки дар он ҷо танҳо дар 3 моҳи аввали соли 1993 зиёда аз 100 000 ҳолати бемориро ба вуҷуд овард.

Эпидемиология

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи баҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар соли 2010 дар ҷаҳон аз 3 то 5 миллион ҳолати бемории вабо ва 100—130 ҳазор ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст[10]. Ин бемориҳо асосан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ рух додаанд[11]. Дар аввали солҳои 1980-ум сатҳи фавт зиёда аз 3 миллион нафар дар як сол баҳо дода мешуд[12]. Шумораи дақиқи ҳолатҳои бемориро муайян кардан душвор аст, зеро дар бораи бисёре аз онҳо бинобар хавфи таъсири манфии хуруҷи вабо ба ҷараёни сайёҳон дар ин кишварҳо гузориш дода намешавад[13]. Дар айни замон вабо дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон хусусияти эпидемикӣ ва эндемикӣ дорад[12].

Ҳамаи роҳҳои интиқоли вабо — вариантҳои механизми фекалӣ-оралӣ мебошанд. Манбаи сироят одам аст — бемори вабо ва барандаи солим (транзиторӣ)-и вибрион, ки ба муҳити атроф Vibrio cholerae-ро бо наҷосат ва қай ҷудо мекунанд.

Дар паҳншавии беморӣ барандагони беаломати вибрион нақши калон доранд. Таносуби барандагон/беморон метавонад ҳангоми варианти V. cholerae biovar cholerae ба 10-20:1 ва ҳангоми V. cholerae biovar eltor ба 20-40:1 расад[14].

Сироятёбӣ асосан ҳангоми нӯшидани оби безарарнашуда, фурӯ бурдани об ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳои олудашуда, ҳангоми рӯйшӯӣ ва инчунин шустани зарфҳо бо оби сироятёфта ба амал меояд. Сироятёбӣ метавонад ҳангоми истеъмоли ғизои (олудашуда), ки дар вақти коркарди пазандагӣ, нигоҳдорӣ, шустан ё тақсими он сироят ёфтааст, ба хусус бо маҳсулоте, ки коркарди ҳароратӣ намебинанд (моллюскҳо, креветкаҳо, моҳии хушк ва камнамак), рӯй диҳад. Роҳи интиқоли тамосӣ-маишӣ (тавассути дастҳои олуда) низ имконпазир аст. Ба ғайр аз ин, вибрионҳои вабо метавонанд тавассути магасҳо интиқол ёбанд.

Ҳангоми паҳншавии беморӣ шароитҳои бади санитарию гигиенӣ, зичии аҳолӣ ва муҳоҷирати зиёди аҳолӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин ҷо бояд марказҳои эндемикӣ ва воридотии ваборо қайд кард. Дар минтақаҳои эндемикӣ (Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ) вабо дар давоми сол ба қайд гирифта мешавад. Эпидемияҳои воридотӣ ба муҳоҷирати интенсивии аҳолӣ вобастаанд. Дар минтақаҳои эндемикӣ кӯдакон бештар бемор мешаванд, зеро аҳолии калонсол аллакай дорои иммунитети табиии пайдошуда мебошанд. Дар аксари ҳолатҳо болоравии бемориро дар мавсими гарм мушоҳида мекунанд.

Тақрибан дар 4—5 %-и беморони шифоёфта барандагии музмини вибрион дар халтаи талха ташаккул меёбад. Ин махсусан барои шахсони калонсол хос аст. Пас аз бемории гузаронидашуда дар организми шахси шифоёфта иммунитет пайдо мешавад, ки ин сироятёбиро бо дигар серотипҳои Vibrio cholerae истисно намекунад.

Вабо ногаҳон авҷ гирифта, шабона ё субҳдам дар бемор хоҳиши беисти қазои ҳоҷат пайдо мешавад. Шикам дард намекунад ва тоб ҳам намедиҳад. Наҷосат аввал бетағйир буда, якҷо бо боқимондаҳои ғизо меояд. Сипас он обакии зард ва минбаъд мисли ҷӯшобаи биринҷ шуда, бӯйи моҳӣ мекунад. Бемор дар як шабонарӯз аз 3 то 10 маротиба таҳорат мешиканад, камиштиҳо ва ташна мешавад. Ҳарорати бадан муътадил, набз тез, забон хушк буда, шикам садо медиҳад. Дар сурати сабук ҷараён ёфтани беморӣ, исҳол аз чанд соат то 1–2 шабонарӯз давом мекунад (камобии дараҷаи I). Дар ҳолатҳои рӯ ба вазнинӣ овардани В. бемор дар як шаборӯз 15–20 бор ба қазои ҳоҷат меравад, қай мекунад; қай обакӣ, омехта бо талха аст (камобии дараҷаи II). Вазъи умумии бемор бад ва ӯ беҳол мешавад, ташна мемонад, даҳонаш мехушкад; мушакҳои соқи пой, каф ва панҷаи баъзе беморон раг мекашанд, пешоб кам мегардад. Ҳарорати бадан, одатан, бетағйир, пӯст бетароват, халташакл ва кабудча мешавад, луобпардаҳо хушк шуда овоз мегирад. Ҳангоми ба таъхир гузоштани муолиҷа дар тӯли чанд соат об ба 7–8 дарсади массаи бадан кам мешавад (камобии дараҷаи III). Вазъи бемор хеле бад шуда, нишонаҳои заҳролудӣ падид меоянд; тарҳи рӯй теғадор шуда, чашмон фурӯ мераванд, луобпардаҳову пӯст мехушканд, пӯсти панҷаҳо халта мезанад; фишори шараён якбора паст мешавад. Ҳарорати бадан муътадил ё аз меъёр паст мешавад (камобии дараҷаи IV). Вазъи бемор рӯ ба табоҳӣ меорад, исҳол ва қай, ки зуд-зуд рух менамуданд, кам ё батамом қатъ мегарданд, нӯги бинӣ, гӯш, лаб ва пилки чашм бунафш ё пурра сиёҳ, чеҳра теғ дода, атрофи чашм кабуд мешавад; чашмҳо дар косахонаашон нишаста ҷониби боло тоб мехӯранд, овоз гирифта аст, ҳарорати бадан 35–34°С паст мефарояд. Пӯст сард ва халтамонанд шуда, ҳангоми қабза кардан, мисли хамир то дер ҳамвор намегардад. Набз хеле суст ва нафаскашӣ номураттаб (дар 1 дақ. 40–60 бор) аст; бемор бо даҳони боз нафас мегирад. Агар муолиҷа ба таъхир афтад, бемор аз ҳуш рафта, нафасгир мешавад.

Вабо барқосо низ пайдо мешавад. Он бисёр тезу тунд ҷараён мегирад, организм оби бисёр талаф медиҳад. Ин шакли Вабо хусусан барои кӯдакони то яксола хавфнок аст.

Мақолаи асосӣ: Токсини вабо

Аломатҳои беморӣ на тавассути худи вибриони вабо, балки тавассути токсини вабо, ки он ҳосил мекунад, ба вуҷуд меоянд.

Дарвозаи даромади сироят роҳи ҳозима мебошад. Як қисми вибрионҳо дар муҳити турши меъда зери таъсири кислотаи хлорид нобуд мешаванд. Агар микроорганизмҳо аз монеаи меъда гузаранд, онҳо ба қисми борики Рӯда ворид мешаванд ва дар он ҷо муҳити мусоиди ишқориро ёфта, ба афзоиш шурӯъ мекунанд. Дар беморони вабо барангезанда метавонад дар тамоми тӯли роҳи меъдаю рӯда пайдо карда шавад, аммо дар меъда ҳангоми pH на бештар аз 5,5 вибрионҳо ёфт намешаванд.

Вибрионҳо сатҳи эпителияи қисми борики рӯдаро мустамлика мекунанд, вале ба дохили он ворид намешаванд ва токсини ваборо (англ. CTX) ҷудо мекунанд — энтеротоксини сафедавие, ки аз ду қисм: субъединитсаи А ва субъединитсаи В иборат аст.

Субъединитсаи В бо ретсептор — ганглиозиди GM1, ки дар сатҳи ҳуҷайраҳои эпителиалӣ ҷойгир аст, пайваст мешавад. Пас аз часпидани субъединитсаи В ба ганглиозид, субъединитсаи А тавассути мембрана ба дохили ҳуҷайраи эпителиалӣ ворид мешавад.

Субъединитсаи А-и фаъолшуда (А1) нисфи АДФ-рибозии никотинамидадениндинуклеотиди (НАД) таҷзияшударо ба сафедаи танзимкунандаи комплекси аденилатсиклаза, ки дар тарафи дохилии мембранаи эпителиотсит ҷойгир аст, интиқол медиҳад.

Дар натиҷа фаъолшавии Аденилатсиклаза ба амал меояд, ки боиси баланд шудани миқдори аденозинмонофосфати сиклӣ (тсАМФ) — яке аз стимуляторҳои дохилиҳуҷайравии секретсияи рӯда мегардад. Мавҷудияти тсАМФ-и зиёд боиси ба холигии рӯда ҷудо шудани миқдори зиёди моеъи изотоникӣ бо миқдори ками сафеда ва контсентратсияи баланди ионҳои натрий, калий, хлоридҳо ва гидрокарбонатҳо мегардад. Дарунравӣ, қайкунӣ ва беобшавӣ инкишоф меёбад. Талафоти моеъ, гидрокарбонатҳо ва калий боиси инкишофи атсидози метаболикӣ ва гипокалиемия мегардад.

Манзараи клиникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

То истифодаи антибиотикҳо ва ваксинапрофилактикаи муассир, дар ҷараёни вабо шаклҳои зеринро фарқ мекарданд:

исҳоли вабоӣ

холерина

вабои алгидӣ ё асфиктикӣ (аз ҷумла вабои хушк)

тифоиди вабоӣ.

Ҳангоми сари вақт расонидани ёрии муосири тиббӣ, аз нимаи асри XX инҷониб шаклҳои ниҳоят вазнин амалан во намехӯранд.

Давраи инкубатсионӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи инкубатсионӣ (ниҳонӣ) аз чанд соат то 5 шабонарӯз, бештар 24—48 соат давом мекунад. Вазнинии беморӣ гуногун мешавад — аз шаклҳои ноаёни субклиникӣ то ҳолатҳои вазнин бо беобшавии шадид (бар асари талафоти об ҳангоми дарунравии беист ва инчунин қайкунии бисёркарата) ва марг дар тӯли 24—48 соат.

Мувофиқи маълумоти СУТ «бисёр беморони бо V. cholerae сироятёфта ба вабо гирифтор намешаванд, бо вуҷуди он ки бактерияҳо дар наҷосати онҳо дар тӯли 7—14 рӯз мавҷуданд. Дар 80—90 %-и он ҳолатҳое, ки беморӣ инкишоф меёбад, он шаклҳои сабук ё миёнавазнинро мегирад, ки аз дигар шаклҳои дарунравии шадид аз ҷиҳати клиникӣ фарқ карданашон душвор аст. Камтар аз 20 %-и одамони беморшуда ба вабои типикӣ бо нишонаҳои беобшавии мӯътадил ё вазнин гирифтор мешаванд»[15].

Барои манзараи клиникии типикии вабо се дараҷаи вазнинӣ хос аст.

Дараҷаи сабук

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ин шакл исҳоли обакӣ ва қайкунӣ мушоҳида мешавад, ки метавонанд яккарата бошанд. Беобшавӣ аз 1—3 %-и вазни бадан зиёд нест (дегидрататсияи дараҷаи 1-ум). Аҳволи бемор қаноатбахш аст. Шикоятҳо аз хушкии даҳон, ташнагии зиёд, сустии мушакҳо. Чунин беморон на ҳамеша барои ёрии тиббӣ муроҷиат мекунанд. Пас аз 1—2 рӯз ҳамаи нишонаҳои клиникӣ нест мешаванд, гарчанде ки барандагии вибрион боз чанд вақт боқӣ мемонад.

Дараҷаи миёнавазнин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оғози беморӣ шадид буда, бо исҳоли зуд-зуд (то 15—20 бор дар як шабонарӯз), ки тадриҷан хусусияти наҷосатиро гум карда, намуди оби биринҷро мегирад. Ҳангоми дарунравӣ дард дар шикам ва тенезмҳо мавҷуд нестанд. Баъзан метавонад дардҳои ночиз дар соҳаи ноф, нороҳатӣ, қур-қури шикам ва «ҷобаҷошавии моеъ» дар шикам бошад. Ба зудӣ ба дарунравӣ қайкунии фаровон бидуни дилбеҳузурӣ ҳамроҳ мешавад. Беобшавӣ меафзояд, талафоти моеъ 4—6 %-и вазни баданро ташкил медиҳад (дегидрататсияи дараҷаи 2-юм). Судорогиҳои гурӯҳҳои алоҳидаи мушакҳо пайдо мешаванд. Овоз хирирӣ мегардад. Беморон аз хушкии даҳон, ташнагӣ ва бемадорӣ шикоят мекунанд. Сианози лабҳо, баъзан акросианоз мушоҳида мешавад. Тургори пӯст кам мешавад. Тахикардия.

Дараҷаи вазнин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо дараҷаи баланди беобшавӣ бо талафоти 7—9 % моеъ ва вайроншавии гемодинамика тавсиф меёбад (дегидрататсияи дараҷаи 3-юм). Дар беморон исҳоли зуд-зуд, фаровон ва обакӣ, қайкунӣ ва судорогиҳои шадиди мушакҳо мушоҳида мешавад. Фишори хун паст мешавад, набз суст ва тез мегардад. Тангнафасӣ, сианози пӯст, олигурия ё анурия пайдо мешавад. Нуқтаҳои рӯй тез мешаванд, чашмон фурӯ мераванд, овоз то ба афония хирирӣ мегардад. Тургори пӯст паст аст, чини пӯст рост намешавад, ангуштони дасту по чиндор мешаванд. Забон хушк аст. Дардмандии ночиз дар эпигастрия ва соҳаи атрофи ноф мушоҳида мешавад. Беморон аз бемадории зиёд ва ташнагии беист шикоят мекунанд.

Дараҷаҳои беобшавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи I — талафоти моеъ аз 3 %-и вазни аввалияи бадан зиёд нест;

Дараҷаи II — талафоти 4—6 %-и вазни аввалияи бадан;

Дараҷаи III — талафоти 7—9 %-и вазни аввалияи бадан;

Дараҷаи IV — зиёда аз 10 %-и вазни аввалияи бадан.

Ҳангоми талафоти зиёди моеъ алгид (лот. algidus — хунук) инкишоф меёбад — маҷмӯи аломатҳое, ки дар натиҷаи дараҷаи IV-и беобшавии организм бо талафоти хлоридҳои натрий, калий ва гидрокарбонатҳо ба вуҷуд омада, бо гипотермия; ихтилоли гемодинамикӣ; анурия; судорогиҳои тоникии мушакҳои дастҳо, пойҳо, шикам, рӯй; тангнафасии шадид; паст шудани тургори пӯст (нишонаи «дасти ҷомашӯй» пайдо мешавад); кам шудани ҳаҷми наҷосат то қатъшавии пурраи он ҳамроҳӣ мекунад.

Хусусиятҳои вабо дар кӯдакон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷараёни вазнин.

Инкишофи барвақт ва шадиди дегидрататсия.

Бештар ихтилоли САМ инкишоф меёбад: карахтӣ, вайроншавии ҳуш дар намуди ступор ва кома.

Бештар судорогиҳо мушоҳида мешаванд.

Моил будани зиёд ба гипокалиемия.

Баланд шудани ҳарорати бадан.

Дараҷаҳои беобшавӣ дар кӯдакон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи I — талафот аз 2 %-и вазни аввалияи бадан зиёд нест;

Дараҷаи II — талафоти 3—5 %-и вазни аввалияи бадан;

Дараҷаи III — талафоти 6—8 %-и вазни аввалияи бадан;

Дараҷаи IV — талафоти зиёда аз 8 %-и вазни аввалияи бадан.

Шоки гиповолемикӣ

Норасоии шадиди гурда: олигурия, анурия

Вайроншавии функсияи САМ: судорогиҳо, кома

Маълумоти анамнез: минтақаи эндемикӣ, эпидемияи маълум.

Манзараи клиникӣ.

Ташхиси лабораторӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳадафи ташхис: муайян кардани Vibrio cholerae дар наҷосат ва (ё) қайкунӣ, об, муайян кардани агглютининҳо ва антителоҳои вибриосидӣ дар хунобаҳои ҷуфти хуни беморон.

Методикаи ташхис:

Кишти маводи бактериологӣ (наҷосат, қайкунӣ, об) дар агари тиосулфат-ситрат-сафро-сахароза (англ. TCBS), инчунин дар оби пептонии ишқории 1%; кишти такрории минбаъда дар оби дуюми пептонӣ ва кишт дар косачаҳо бо агари ишқорӣ.

Ҷудо кардани култураи тоза, идентификатсия (айниятсозӣ).

Таҳқиқи хосиятҳои биохимиявии култураи ҷудошуда — қобилияти таҷзия кардани ин ё он карбогидратҳо, ба истилоҳ «қатори қандҳо» — сахароза, арабиноза, маннит.

Реаксияи агглютинатсия бо хунобаҳои махсус.

Муайян кардани ДНК-и Vibrio cholerae бо усули ПСР, ки инчунин имкон медиҳад мансубият ба штаммҳои патогенӣ ва серогурӯҳҳои О1 ва О139 муайян карда шавад.

Барои тафриқаи (дифферентсиатсияи) вибрионҳои вабо аз бактериофагҳо истифода мебаранд (дар айни замон маҷмӯи ҳафт бактериофаг имкон медиҳад, ки дар байни V. cholerae 16 фаготип ҷудо карда шавад), барои табобат фагҳо амалан истифода намешаванд.[16]

Ташхиси тафриқӣ (Дифферентсиалӣ)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Салмонеллёзҳо

Дизентерияи Зонне

Гастроэнтерит, ки тавассути чӯбчаи рӯда ба вуҷуд омадааст

Дарунравии вирусӣ (ротавирусҳо)

Заҳролудшавӣ аз занбӯруғҳои заҳрнок

Заҳролудшавӣ аз пестисидҳои фосфорорганикӣ

Ботулизм

Ҳангоми гумонбарӣ ба вабо беморон фавран дар шуъбаи махсус бистарӣ карда мешаванд.[17]

Одатан, ҳангоми барқарор кардани моеъи гумшуда, беморони вабо ҳатто бидуни истифодаи антибиотикҳо шифо меёбанд, бинобар ин Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ истифодаи онҳоро танҳо дар ҳолатҳои беобшавии вазнин тавсия медиҳад[18].

Барқарорсозӣ ва нигоҳдории ҳаҷми гардиши хун ва таркиби электролитии бофтаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ду марҳила гузаронида мешавад:

Барқарор кардани моеъи гумшуда — регидрататсия (дар ҳаҷме, ки ба дефисити аввалияи вазни бадан мувофиқ аст). Ислоҳи (коррексияи) талафоти давомдори об ва электролитҳо. Метавонад ба воситаи даҳон (оралӣ) ё ба воситаи раг (парентералӣ) гузаронида шавад. Интихоби роҳи воридкунӣ аз вазнинии беморӣ, дараҷаи беобшавӣ ва мавҷудияти қайкунӣ вобаста аст. Воридкунии фаврии маҳлулҳо ба дохили раг барои беморони дорои беобшавии дараҷаи III ва IV комилан зарур аст.

Барои регидрататсияи оралӣ Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маҳлули зеринро тавсия додааст:

Ҷузъи таркибӣ Консентратсия, ммол/л
Натрий 90
Калий 20
Хлор 80
Ситрат 10
Глюкоза 110

Барои регидрататсияи аввалияи дохилирагӣ дар беморони дорои беобшавии шадид маҳлули Рингер, ки онро маҳлули лактатии Рингер(англ.) (англ. Ringer's lactate solution) ё маҳлули Хартманн (англ. Hartmann's solution) меноманд, беҳтар мувофиқат мекунад. Гипокалиемия бо ворид кардани иловагии доруҳои калий ислоҳ карда мешавад.

Тавсифи муқоисавии таркиби электролитии наҷосати вабо ва маҳлули Рингер (ммол/л)

Модда Натрий Калий Cl Асосҳо
Наҷосат Калонсолон 135 15 90 30
Кӯдакон 100 25 90 30
Маҳлули Рингер 130 4 109 28

Табобат бо антибиотикҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табобат бо антибиотикҳо имкон медиҳад, ки ҷараёни беморӣ 1—3 рӯз кӯтоҳ карда шуда, шиддати аломатҳо паст карда шавад[12]. Истифодаи антибиотикҳо инчунин эҳтиёҷ ба моеъро кам мекунад[19]. Бар зидди вибриони вабо антибиотикҳое ба монанди азитромитсин, ко-тримоксазол, эритромитсин, тетратсиклин, докситсиклин, сипрофлоксатсин ва фуразолидон муассир баромаданд[20]. Азитромитсин ва тетратсиклин нисбат ба докситсиклин ё сипрофлоксатсин муассиртар буданд[21]. Истифодаи тетратсиклин ва докситсиклин ба кӯдакони то 8-сола тавсия дода намешавад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гузориш дода шудааст, ки дар баъзе штаммҳои вибрионҳои вабо устуворӣ (муқовимат) нисбат ба докситсиклин[12], фторхинолонҳо (масалан, ба сипрофлоксатсин)[22], инчунин ба тетратсиклин, ко-тримоксазол ва эритромитсин пайдо шудааст[13].

Энтеросорбсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар табобат Энтеросорбсия истифода мешавад — усуле, ки ба пайваст кардан ва хориҷ кардани моддаҳои экзогенӣ ва эндогенӣ, микроорганизмҳои патогенӣ ва маҳсулоти ҳаёти онҳо аз роҳи меъдаю рӯда бо ёрии Энтеросорбентҳо асос ёфтааст.[23]

Плакати шӯравии соли 1921
Ваксинатсияи оммавӣ бар зидди вабо дар Неапол дар соли 1973

Пешгирии воридшавии сироят аз марказҳои эндемикӣ.

Риояи чораҳои санитарию гигиенӣ: безараргардонии об (хусусан — манбаъҳои обтаъминкунӣ), шустани дастҳо, коркарди ҳароратии ғизо, безараргардонии ҷойҳои истифодаи умум ва ғайра.

Барвақт ошкор кардан, ҷудо кардан ва табобат кардани беморон ва барандагони вибрион.

Пешгирии махсус бо ваксинаи вабо ва холероген-анатоксин. Ваксинаи вабо давраи амали нисбатан кӯтоҳ дорад.

Мақолаи асосӣ: Ваксинаи зидди вабо

Дар айни замон (то соли 2018) ваксинаҳои пероралии зидди вабои зерин мавҷуданд[24][25][26]:

Dukoral (Швеция, 1991, син. WC/rBS) — ваксинаи моеи моновалентии кушташудаи томҳуҷайрагӣ. Ваксинатсия дубор (барои кӯдакони 2-6 сола 3-бор), реваксинатсия ҳар 2 сол, барои кӯдакони 2-5 сола ҳар 6 моҳ. Аналоги он дар Чин ҳамчун OraVacs литсензия шудааст ва дар капсулаҳо бароварда мешавад, ваксинатсия себор аст.

mORC-Vax (Ветнам, 1997/2009) — ваксинаи моеи бивалентии кушташудаи томҳуҷайрагӣ, варианти ваксинаи Dukoral, ки дар Ветнам литсензия шудааст. Дар соли 2004 ваксина дар Ветнам ҳамчун mORC-Vax ба қайд гирифта шуд, дар Ҳиндустон ҳамчун Shanchol (аз соли 2009) ва дар Корея ҳамчун Euvichol (аз соли 2015) истеҳсол мешавад. Ваксинатсия дубор, реваксинатсия пас аз 2 сол.

Vaxchora (ИМА, 2016) — ваксинаи зиндаи аттенуатсияшуда (микроорганизми сустшудаи) лиофилизатсияшуда. Ваксинатсия якбора танҳо барои калонсолон (18-64 сола). Шароити махсуси нигоҳдории занҷири сарморо талаб мекунад: −15 ÷ −25 °С.

Ваксинаи вабои инактивишудаи бивалентии кимиёвии ҳабӣ (Русия, 1992) — омехтаи холероген-анатоксин бо О-антиген. Ваксинатсия якбора (аз 2-солагӣ). Реваксинатсия ҳар 6 моҳ.

Пешгӯӣ (Прогноз)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми табобати саривақтӣ ва муносиб пешгӯӣ мусоид аст. Қобилияти корӣ дар тӯли тақрибан 30 шабонарӯз пурра барқарор мешавад. Дар сурати набудани ёрии тиббии муносиб, эҳтимолияти баланди фавти зуд мавҷуд аст.

Муҳаққиқони маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роберт Кох, Асри XIX.

Карл Фридрих Канштатт, Асри XIX.

Владимир Хавкин, Асри XIX.

Зинаида Ермольева, Асри XX.

Луи Пастер, Асри XIX.

Вабо дар фарҳанг ва санъат

[вироиш | вироиши манбаъ]

[[Файл:Fedotov cholera.jpg|мини|Расми «Ҳамааш айби вабо». П. А. Федотов, 1848]]

Вабо дар асарҳо низ зикр шудааст, аз ҷумла дар Кинояи Исо, писари Сирах[27], дар шеъри В. С. Соловьёв дар соли 1892, дар романи Г. Г. Маркес «Ишқ дар замони вабо» (1985) ва ғайра.

Дар новеллаи Томас Манн «Марг дар Венетсия» қаҳрамони асосӣ аз вабо мемирад.

  • Руднев Г. П. Клиника карантинных инфекций. М., 1972;
  • Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней. М., 1994;
  • Камардинов Х. К., Ахмедов А. А. Холера Эль-Тор. Клиника, лечение, диагностика, диспансеризация переболевших и санация вибриононосителей. Д., 1994;
  • Қамардинов Х. Қ. Бемориҳои сироятӣ. Д., 2000;
  • Камардинов Х. К. Клиника опасных инфекционных болезней. Д., 2007. Ҳамон. Инфекционные и паразитарные болезни. Д., 2009.
  • Коробкова Е. И. [[1](http://search.rsl.ru/ru/record/01006241546) Микробиология и эпидемиология холеры] / Переплёт худ. К. М. Егорова. — 2-е изд., доп. и перераб. — М.: Медгиз, 1959. — 304, [2] с. — 6 000 экз. (ба забони русӣ)
  • Михель Д. В. [[2](http://cyberleninka.ru/article/n/obschestvennoe-zdorovie-i-holernyy-vibrion-rossiyskaya-imperiya-meditsina-i-bakteriologiya-nachala-xx-veka-pered-ugrozoy-holery) Общественное здоровье и холерный вибрион: Российская империя, медицина и бактериология начала XX века перед угрозой холеры] // Известия Саратовского университета. Новая серия. — 2008. — Т. 8. Серия История. — С. 64-74.
  • Холера в СССР в период VII пандемии / Зери таҳрири В. И. Покровского. — М.: Медицина, 2000. — 472 с. — 1 000 экз. — ISBN 5-225-04537-5.
  • Богомолов Б. П. Холера: клиника, диагностика, лечение. — 2-е изд., испр. и доп. — М.; Тверь: Триада, 2012. — 312 с. — 500 экз. — ISBN 978-5-94789-539-1.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. David A. Sack, R. Bradley Sack, G. Balakrish Nair, A. K. Siddique Cholera // The Lancet. — Elsevier, 2004-01-17. — Т. 363, вып. 9404. — С. 223—233. — ISSN 1474-547X. — doi:10.1016/s0140-6736(03)15328-7.
  2. Antonis A. Kousoulis Etymology of Cholera(англ.) // Emerging Infectious Diseases(англ.). — Centers for Disease Control and Prevention, 2012-3. — Vol. 18, iss. 3. — P. 540. — ISSN 1080-6040. — doi:10.3201/eid1803.111636.
  3. William K. Klingaman, Nicholas P. Klingaman. The Year Without Summer: 1816 and the Volcano That Darkened the World and Changed History. — St. Martin's Press, 2013-02-26. — 352 с. — ISBN 9781250012067.
  4. Geoffrey A. Hosking. Russia and the Russians: a history. Harvard University Press, 2001. ISBN 0-674-00473-6. P. 9.
  5. Cholera's seven pandemics (9 май 2008).
  6. Онищенко Г. Г., Москвитина Э. А., Кругликов В. Д., Титова С. В., Адаменко О. Л., Водопьянов А. С., Водопьянов С. О. Эпидемиологический надзор за холерой в России в период седьмой пандемии//Вестник РАМН. — 2015. — Т. 70(2). — С. 249—256
  7. Epidemiological Update. Cholera(англ.). Pan American Health Organization (6 November 2014).
  8. Антропонозы // Большая медицинская энциклопедия : в 30 т. / гл. ред. Б. В. Петровский. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1981. — Т. 27 : Хлоракон — Экономика здравоохранения. — 576 с. : ил.
  9. Cholera vaccines: WHO position paper // Releve Epidemiologique Hebdomadaire. — 2010-03-26. — Т. 85, вып. 13. — С. 117—128. — ISSN 0049-8114.
  10. Cholera vaccines. A brief summary of the March 2010 position paper (PDF). World Health Organization.
  11. Reidl J., Klose K.E. Vibrio cholerae and cholera: out of the water and into the host(англ.) // Microbiology and Molecular Biology Reviews(англ.) : journal. — American Society for Microbiology(англ.), 2002. — June (vol. 26, no. 2). — P. 125—139. — doi:10.1111/j.1574-6976.2002.tb00605.x. — PMID 12069878.
  12. 12.0 12.1 12.2 12.3 Sack D.A., Sack R.B., Nair G.B., Siddique A.K. Cholera(англ.) // The Lancet. — Elsevier, 2004. — January (vol. 363, no. 9404). — P. 223—233. — doi:10.1016/S0140-6736(03)15328-7. — PMID 14738797.
  13. 13.0 13.1 Sack D.A., Sack R.B., Chaignat C.L. Getting serious about cholera(англ.) // The New England Journal of Medicine. — 2006. — August (vol. 355, no. 7). — P. 649—651. — doi:10.1056/NEJMp068144. — PMID 16914700.
  14. Холера СЗГМУ им. И.И. Мечникова
  15. Главная страница(рус.). www.who.int.
  16. Государственное бюджетное образовательное учреждение высшего профессионального образования «Уральская Государственная медицинская академия» Министерства здравоохранения РФ. Иллюстрированное учебное пособие «ВОЗБУДИТЕЛЬ ХОЛЕРЫ».
  17. Холера. Симптомы и лечение заболевания.
  18. First steps for managing an outbreak of acute diarrhea. World Health Organization Global Task Force on Cholera Control.
  19. Cholera Treatment (Report). Centers for Disease Control and Prevention (CDC). 2011-11-28. Archived from the original on 2015-03-11. Retrieved 2017-10-03.  Unknown parameter |url-status= ignored (help)
  20. Cholera treatment. Molson Medical Informatics (2007).
  21. Leibovici-Weissman, Y; Neuberger, A; Bitterman, R; Sinclair, D; Salam, MA; Paul, M. Antimicrobial drugs for treating cholera // The Cochrane database of systematic reviews. — 2014. — 19 июни (т. 6). — С. CD008625. — doi:10.1002/14651858.CD008625.pub2. — PMID 24944120.
  22. Krishna B.V., Patil A.B., Chandrasekhar M.R. Fluoroquinolone-resistant Vibrio cholerae isolated during a cholera outbreak in India(англ.) // Trans. R. Soc. Trop. Med. Hyg. : journal. — 2006. — March (vol. 100, no. 3). — P. 224—226. — doi:10.1016/j.trstmh.2005.07.007. — PMID 16246383.
  23. ФГБУ НИИДИ ФМБА РОССИИ Клинические рекомендации (протокол лечения) оказания медицинской помощи детям больным холерой // ФМБА РОССИИ : сб. — М.:  , 2015.
  24. Щуковская Т. Н., Саяпина Л. В., Кутырев В. В. Вакцинопроилактика холерой: современное состояние вопроса Нусхаи бойгонишуда аз 15 июни 2021 дар Wayback Machine / РосНИПЧИ «Микроб», ГИСК им. Л. А. Тарасевича // Журнал «Эпидемиология и Вакцинопрофилактика», 2009, № 2 (45). ISSN 2073-3046. С. 62-67.
  25. Беспалова И. А., Иванова И. А., Омельченко Н. Д., Филиппенко А. В., Труфанова А. А. Современное состояние специфической профилактики холеры Нусхаи бойгонишуда аз 15 июни 2021 дар Wayback Machine / Ростовский-на-Дону НИПЧИ // Журнал «Эпидемиология и Вакцинопрофилактика», 2018, № 1 (98). ISSN 2073-3046. С. 55-60.
  26. Горяев А. А., Саяпина Л. В., Обухов Ю. И., Бондарев В. П. Эффективность и безопасность вакцин для профилактики холеры Нусхаи бойгонишуда аз 15 июни 2021 дар Wayback Machine / НЦЭСМП Минздрава России, научная статья. DOI: 10.30895/2221-996X-2018-18-1-42-49 // Журнал «БИОпрепараты. Профилактика, диагностика, лечение», 2018, № 1, том 18. ISSN 2221-996X. С. 42-49.
  27. Шаблон:ВТ-БЭАН

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]
 * [[4](http://www.who.int/topics/cholera/ru/) Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи вабо] (ба забони русӣ)
 * [[5](http://textbookofbacteriology.net/cholera.html) Vibrio cholerae and Asiatic Cholera][6]
 * [[7](http://www.who.int/topics/cholera/impact/ru/index.html) Таърихи вабо]
 * [[8](http://apps.who.int/iris/bitstream/10665/69073/2/WHO_CDS_CSR_NCS_2003.7_Rev.1_rus.pdf) Чораҳои аввалиндараҷаи назорати хуруҷи дарунравии шадид. СУТ].