Бемории шуоъӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Рамзи нишон додани мавҷудияти моддаҳои радиоактивӣ.
Рамзи нишон додани мавҷудияти моддаҳои радиоактивӣ.

БЕМОРИИ ШУОЪӢ, иллатест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир расондани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо сар мезанад. Бемории шуоъӣ шадид ва музмин мешавад. Бемории шуоъии шадид аз таъсири афканишоти ионзои якбора ё пай дар пайи вояаш аз ҳад зиёд, бемории шуоъии музмин дар натиҷаи шуоъхӯрии вояаш ками дарозмуддат (дар давоми чандин моҳу солҳо) ба вуҷуд меояд. Нишонаҳои клиникии бемории шуоъӣ ба хусусияти шуоъхӯрӣ (умумӣ, ҷузъӣ, берунӣ, дарунӣ), воя ва муддати паҳн гаштани он вобаста аст. Дар аснои бемории шуоъӣ силсилаи асабҳои марказӣ, узвҳои хунофар ва хунгард, меъдаю рӯда иллат ёфта, организм пурра заҳролуд мегардад, аз ин сабаб беҳолӣ, дарди сар, бехобӣ, беҳузурии дил ва ғайра ба амал меояд.
Бемории шуоъии шадид аксар вақт чор давраро дар бар мегирад: таассури аввалин, давраи ниҳонӣ, авҷи беморӣ, давраи охирин ё шифои комил. Дар давраи таассури аввалин, ки он баъди шуоъхӯрӣ фавран пайдо мешавад, бемор пурҳаяҷон ё, баръакс, рӯҳафтода аст; беҳолӣ, бехобӣ, чарх задани сар, беҳузурии дил, дар ҳолатҳои вазнин қай ва исҳол ба амал меоянд; дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин бемор муддате аз ҳуш меравад, набз ноустувор ва фишори шараён номуътадил мегардад. Ҳамаи ин аломатҳо баъди чанд соат бартараф шуда, давраи дуюми беморӣ (давраи ниҳонӣ) оғоз меёбад, ки ба он беҳтар шудани ҳолати умумии бемор хос аст. Вале қатъи назар аз беҳбудии зоҳирӣ беморӣ авҷ мегирад ва баъди чанд муддат (аз чанд рӯз то 2–3 ҳафта) давраи сеюм фаро мерасад. Бемории шуоъӣ ҳар қадар вазнин бошад, давраи ниҳонӣ ҳамон қадар кӯтоҳ (чанд соат) мешавад. Дар давраи авҷи беморӣ аҳволи бемор якбора бад шуда, ӯ таб мекунад, қай ва исҳол (бештар исҳоли хунолуд) ба амал меояд; аз милки дандон ва дигар пардаҳои луобӣ хун меравад, баъзе рагҳои хуни зери пӯст мекафанд; баъди 2–3 ҳафта мӯй мерезад. Камхунӣ ва ихтилоли асабҳо шиддат ёфта, муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ суст мегардад. Ҳангоми муътадил гузаштани Бемории шуоъӣ ва сари вақт табобат кардани он, давраи охирин – шифои комил оғоз меёбад.

Ангора барои муайян намудани миқдори қабул ҳангоми садамаи нохуши Louis Slotin.

Бо мақсади пешгирии бемории шуоъӣ бояд одамоне, ки дар ҳудуди таъсири манбаи афканишоти ионзо кор мекунанд, муҳофизат карда шаванд. Инчунин аз таъсири зарарнок ва барзиёди афканишот ҳифз намудани беморон дар кабинетҳои радиологӣ ва рентгенологӣ низ муҳим аст. Риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат ва талаботи беҳдошт аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ қатъӣ назорат карда мешавад.

Шахсоне, ки ба манбаи афканишоти ионзо сарукор доранд, пеш аз ба кор даромадан ва минбаъд аз муоинаи махсус мегузаранд. Барои онҳо рӯзи кории кӯтоҳ, рухсатии дарозмуддат ва маоши иловагӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми бо изотопҳои радиоактив кор кардан пӯшидани либоси махсус зарур аст.


Манбаъ[вироиш]


Бемориҳо
Нозология | Патогенез | Патология | Этиология | Бавосир | Бемории ғалаёни хун | Бемории шуоъӣ | Бемориҳои ангалӣ | Бемориҳои асаб | Бемориҳои кӯдакон | Бемориҳои вирусӣ | Бемориҳои ирсӣ | Бемориҳои касбӣ | Бемориҳои пӯст | Бемориҳои рӯҳӣ | Бемориҳои сироятӣ | Бемориҳои чашм | Бемориҳои зуҳравӣ