Jump to content

Бемористон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бемористон дар Дания
Бемористон дар Дания

Бемористон, шифохона, беморхона — муассисаест барои дармони беморони бистарӣ. Бемористоне, ки дармонгоҳ (поликлиника) дорад (бемористони муттаҳид), дар баробари муолиҷа оид ба пешгирии бемориҳо низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бемористонҳо чанд навъ мешаванд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Бемористонҳои умумӣ (иборат аз шуъбаҳои гуногун) ва махсус (бемористонҳои касалиҳои сил, бемориҳои сироятӣ, амрози рӯҳӣ, иллатҳои чашм ва ғайра) низ мавҷуданд (аз ҷумла барои кӯдакон). Бемористони ёрии таъҷилӣ ду навъ аст: собит ва сайёр. Агар бемористон дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунад, онро бемористони клиникӣ меноманд. Бемористонҳое низ вуҷуд доранд, ки ба одамон мувофиқи касбу корашон хидмат мерасонанд, масоли, бемористони кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғайра.
Бемористон аз шуъбаҳои қабулгоҳ (духтур беморро муоина карда, ҳуҷҷати тиббӣ медиҳад, тадбирҳои беҳдоштиву гигиенӣ меандешад), муолиҷа (ҷарроҳӣ, терапевтӣ ва ғайра), ташхису табобат (рентгенологӣ, физиотерапевтӣ), лаборатория, дорухона, ошхона, хонаи либосшӯйӣ ва ғайра иборат аст. Ҳайати кормандон, аз ҷумла духтурони бемористон ба миқдори кат вобаста мебошад.
Ба бемористон одамонеро равон мекунанд, ки онҳо ба муоина ва муолиҷаи муттасили тиббӣ муҳтоҷанд. Ба бемор роҳхатро духтури дармонгоҳ ва дар ҳолати оҷил духтури ёрии таъҷилӣ медиҳад. Шифои бемор дар бемористон на фақат ба имкониятҳои тиббӣ, балки ба худи ӯ ва хешу табораш низ вобаста аст. Рафтори дуруст, кайфияти хуш, бовар ба муолиҷа, иҷро кардани тамоми фармудаҳои духтур, риояи парҳез ва низоми бемористон шарти муҳимми шифоёбист.
Ба қавли Мақризӣ нахустин бемористони доимӣ дар замони халифаи умавӣ Валид ибни Абдумалик (соли 707) бино ёфта­аст. Дар он беморони махав (лепра) бистарӣ карда мешуданд. Табибон бо моҳонаи муайян низ таъмин буданд. Дар Андалусия (Испания) бемористонро «молостон» (моростон), дар Миср «мурустон» ва дар Мағриб «мурстон» меномиданд. Дар баъзе сарзаминҳо номҳои дигаре низ ба он итлоқ мешуд. Бемористоне, ки подшоҳи қарахонӣ Туғмоқ Буғро соли 458 ҳиҷрӣ дар Самарқанд бино кардааст, «дорулмарзо» ном дошт. Дар аҳди Салҷуқиён бемористонро «дорулофия» ва «дорушшифо» мегуфтанд. Дар замони туркони усмонӣ вожаҳои «доруссиҳҳат», «шифохона» ва «теморхона» низ машҳур будааст. Халифаи аббосӣ Мансур соли 148 ҳиҷрӣ Бурҷиси ҳакимро ба Бағдод фаро хонда, дар шаҳраки Карх ба бинои бемористон ва маркази таҳқиқу дармон дастур дод. Табибони ин бемористон дар пешрафти тиб саҳми назаррас гузоштанд. Овардаанд, ки ҳазинаи моҳонаи бемористони Саййида (модари Маҷдуддавла) дар Бағдод (соли 304 ҳиҷрӣ ифтитоҳ шуд) ба 600 ва тахсиси моҳонаи бемористони Муқтадирии Бағдод ба 200 динор мерасид. Ба гуфтаи Ибни Абуусайбиа ва Қифтӣ (соли 301 ҳиҷрӣ), дар он давра бо ташаббуси Синон ибни Собит табибон зиндониёнро низ муояна, ташхис ва даво мекардаанд. Ҳамчунин ба деҳоти ҷан. Ироқ бемористонҳои сайёр фиристода мешуд, ки ба ашхоси ғайримусулмон низ кумак мерасонданд. Барои табобати беморони руҳӣ бемористонҳои алоҳида вуҷуд доштанд. Адиби давраи Мутаваккил Мубаррад чунин бемористонро дар дайри Ҳизқил (дар байни Бағдод ва Восит) дида будааст. Тибқи гузориши Яъқубӣ ва Масъудӣ он қадимтарин бемористони рӯҳие буд, ки аз бемористони Бетҳлеҳем (Bethlehem)-и Лондон (таъсисаш соли 1404) ва бемористони умумии Валенсия (Hospital General Valencia)-и Испания (таъсисаш соли 1409) бартарӣ доштааст. Машҳуртарин бемористони садаи 3 ҳиҷрӣ, ки ба табобати беморони рӯҳӣ сарукор дошт, бемористони Аҳмад ибни Тулун дар шаҳри Фустоти Миср буд. Ба гуфтаи Мақризӣ дар он бемористон ба маризон либоси махсус мепӯшониданд, дору ва ғизо ройгон таъмин мешуд.

Нигора аз як бемористон, чопи 1682
Нигора аз як бемористон, чопи 1682

Дар Андалус барои ҷудо нигоҳ доштани беморони махав дар беруни шаҳри Қуртуба (Кордова) бемористони махсус сохта буданд. Ба гуфтаи Мақаррӣ танҳо дар шаҳри Қуртуба ва ҳаволии он 50 бемористон вуҷуд доштааст, ки пас аз тасаллути масеҳиён бар он сарзамин аз байн рафтаанд. Испаниягиҳо бемористони Муҳаммади Панҷум — амири хонадони Насрро, ки соли 777 дар шаҳри Ғарнота сохта шуда буд, ба зарробхона табдил доданд. Мувофиқи тарҳе, ки меъмори фаронсавӣ Гиябу бардошта буд, он бемористон бинои дутабақа доштааст. Усмониҳо дар бахшҳои гуногуни артиши худ — қувваҳои ҳарбии баҳрӣ, коргоҳи киштисозӣ ва ғайра низ бемористонҳо сохта буданд. Онҳо ба аҳолии тамоми қаламрави хилофати худ аз Будапешт то Қрим ва аз Салоника (дар Аврупои Мар­казӣ) то Макка, ҳамчунин ба мардуми сарзаминҳое, ки сокинонашон ба дини ислом нагаравида буданд (Белград, Будапешт ва ғайра), кумаки тиббӣ мерасонданд. Бино ба маълумоти асири олмонӣ Ю. Шелтбергер дар замони Боязиди Юлдурум (соли 1400) танҳо дар шаҳри Бурса 8 бемористон вуҷуд доштааст.

Дар ҳудуди ҳозираи Осиёи Марказӣ то охири садаи XIX бемористонҳо ба шакли кунуниашон вуҷуд надоштанд. Соли 1891 дар Бухоро бемористони руссию мардуми таҳҷоӣ (барои 30 кат) кушода шуд, ки амбулатория ва дорухона низ дошт. Дар он 2 нафар духтур, 3 нафар фелдшер ва 1 нафар дорусоз кор мекарданд. Охири садаи XIX артиши Россияи подшоҳӣ дар қисмҳои сарҳаддии Хоруғ ва Помир ду шуъбаи қабули беморонро ташкил кард, ки аз онҳо аскарон ва аҳёнан мардуми бумӣ истифода мебурданд.
Бемористони аввалин дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон (дорои 40 кат) соли 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 нафар духтур ва 32 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд. Баъди ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 бемористон фаъолият мекард (дар онҳо 990 кат гузошта шуда буд). Баъди дар пойтахт таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1939) адади бемористонҳои ҷумҳурӣ афзуд. Масалан, агар соли 1940 дар Тоҷикистон 121 бемористон (дорои 4490 кат) вуҷуд дошта бошад, пас соли 1985 адади онҳо ба 319 (дорои 42790 кат) расид (дар онҳо 10818 нафар духтурон фаъолият доштанд). Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар ҷум­ҳурӣ бисёр бемористонҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳ­ҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 132 бемористони деҳотӣ, 61 бемористони ноҳиявӣ ва 24 бемористони шаҳрӣ фаъолият дорад (январи 2013). Баъзе бемористонҳо ба марказҳои тиббӣ табдил дода шудаанд.

  • Мултановский М. П. История медицины. Москва, 1967;
  • Нуралиев Ю. Н. Медицина эпохи Авиценны. Душанбе, 1981;
  • Исҳоқӣ Ю., Тоҷиев Я. Таърихи мухтасари тибби тоҷик. Дкшанбе, 1993;
  • دانشنامۀجهاناسلام. ج۵. تهران،۱۳۷۷هـ. ش. تهران،۱۳۷۷هـ. ش؛
  • .دائرةالمعارفبزرگاسلامی. جلد۱۳. تهران،۱۳۸۳هـ. ش