Бемориҳои ҷигар
Зоҳир
Бемориҳои ҷигар — як гурӯҳи бемориҳои марбут ба ҷигар.
Нишонаҳои бемории ҷигар
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳамияти ҷигар барои организми одамӣ аз касе пӯшида нест. Тағйир дар кор ва таркиби ҷигар ба узвҳо ва системҳои гуногуни организм таъсир мегузорад. Зуҳуроти гуногун метавонанд нишонгари бемории ҷигар бошанд, ки асоситаринашон иборатанд аз:
- 1. Тағйирот дар пӯст. Чанд тағйирот дар пӯсти одам метавонад нишонаи бемории ҷигар бошад:
- — зардшавии пӯст. (зардии пӯст ва чашмон яке аз нишонаҳои асосии халал дар кори ҷигар ба ҳисоб мераванд);
- — пайдоиши нуқтаҳои қаҳваранг дар зери бағал ва дар қисмати қадкашак;
- — хориши умумии пӯст;
- — пайдоиши «ситорачаҳо» дар ҷой ҷои пӯст (нишонаи классикии сиррози ҷигар);
- — сурхшавии кафи дастон дар қисмати ангушти бузург;
- — хушкшавии пӯст.
- 2.Халал дар кори узвҳои ҳозима. Ҷигар ба системаи узвҳои ҳозима дохил мешавад. Талха, ки дар ҳазми хӯрок нақши муҳим мебозад, маҳз дар ҷигар пайдо мешавад. Бинобар ин ҳангоми бемории ҷигар кори бештари узвҳои ҳозима халалдор мегарданд.
- 3.Тағйиротҳои ҳормонӣ. Бештар тағйиротҳо дар синтези ҳормонҳо ба назар мерасанд (хусусан дар мардоне, ки аз нӯшокиҳои спиртӣ зиёд истифода мекунанд). Мутахассисон бар ин назаранд, ки алкогол метавонад тестостеронро (ҳормони мардона) ба эстроген (ҳормони занона) табдил диҳад. Баъзе аз бемориҳои ҷигар инчунин ба зиёд шудани паратҳормон, ки ба устухонҳо таъсири бевосита дорад оварда мерасонад. Ин беморон ба дарди устухонҳо мубтало гардида, усухонҳояшон заиф мешаванд.
- 4.Халал дар системи асаб. Дар назари аввал метавонад чунин ба назар расад, ки ҷигар чӣ дахле ба системаи асаби инсон дорад, аммо дар асл ҷигар ба асаби инсон таъсири бевосита дорад. Ҳангоми бемории ҷигар дар организм раванди безараргардонии аммиак суст мегардад. Аммиаки боқимонда ба ҷараёни хунгард пайваста, сабаби бемориҳои гуногуни системаи асаб мегардад.
- 5.Мушкилот дар қобилияти лахтшавии хун. Ҳангоми бемории ҷигар ҳатто ҷароҳати хурд метавонад боиси хунравии зиёд гардад. Бо халалдор гаштани кори ҷигар, қобилияти лахташавии хун низ ба маротиб поин меравад.
- 6.Нишонаҳои заҳролудшавӣ. Ҳангоми бемориҳои ҷигар (ки хусусияти вирусӣ ё бактериалӣ доранд) заҳролудшавии организм низ намоён мегардад. Беморон метавонанд ба табларза, дард дар мушакҳо ва буғумҳо гирифтор гарданд. Иштиҳояшонро аз даст дода, зуд хароб мешаванд. Хатари асосии бемориҳои ҷигар дар он нуҳуфта шудааст, ки давраи аввали ин беморӣ бе аломатҳои дард мегузарад. Чун дар ҷигар торҳои асаб вуҷуд надоранд. Бинобар ин дар ҳолати мушоҳида кардани аломатҳои мазкур фавран ба мутахассис бояд муроҷиат намуд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аввалин нишонаҳои бемории ҷигар. 10 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2016.