Беназир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Бодиринги муқаррарӣ
Бодиринги муқаррарӣ

Беназир — навъи бодиринг.

Дар Институти таҳқиқоти илмии «Боғпарвар» дар натиҷаи дурага кардани навъҳои Марғелонӣ 822 ва Дамаскус рӯёнда шудааст (М. Т. Потапова). Дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 мепарваранд (асосан дар ноҳияҳои Тоҷикистони Марказӣ). Беназир навъи намидӯст аст. Ҳосилаш ангуштшакли дарозрӯя, сабзи баланд, вазнаш 85-118 грамм. Давраи нашваш — 87 рӯз. Барои кишти Б. фасли баҳор ва тобистон мувофиқ аст (меъё­ри кишти тухмӣ — 5-6 кг/га). Аз ҳар га 350 сентнер ҳосил медиҳад. Дар таркиби беназир 5,3 % моддаҳои хушк, 2,9 % қанд, 11,3 мг% витамини С, 68,1 мг/кг нитрат мав­ ҷуд аст. Ба беназир тортанаккана осеб намерасонад. Ҳосили беназир барои таҳияи консерв ва очоронидан мувофиқ мебошад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]