Jump to content

Бенаслии чорво

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бенаслии чорво — насл дода натавонистани чорвои калон ва моли майда.

Сабаби бенаслии чорво ғизои нокифоя ва пастсифат, нигоҳубини нодуруст, риоя накардани қоидаҳои бордоркунии сунъӣ ва табиӣ, касалиҳои узвҳои ҷинсӣ, сирояти ангезандаҳои трихомоноз, вибриоз, бруселлёз, аз ҳад зиёд кор фармудани ҳайвони корӣ ва ғайра мебошад. Бенаслии чорво ба синну сол ва тағйироти узвҳои ҷинсии ҳайвон низ вобаста аст, масалан, модиён баъди 17-25, модагов 14-15, бузу гӯсфанд 6-8, ва харгӯш 4-5-солагӣ дигар насл намеорАд. Нутфаи ҳайвоноти бенасл қобили бордоркунӣ нест. Сабаби бенаслии наринаи чорво бештар ғизои пастсифат, бад будани шароити парвариш, кам ба гардиш баровардани чорво ва ғайра мебошад. Барои муқаррар кардани сабабҳои бенаслии чорво. организми ҳайвон, узвҳои ҷинсӣ, нутфа, шароити парвариш, ғизодиҳӣ ва ғайраро санҷидан лозим аст.

Тамоми сол ба чорво додани хӯроки хушсифат, парвариши хуб, сари вақт ва дуруст ҷуфтӣ кардани чорво (фақат пас аз болиғ шудан), дуруст санҷидани бордорӣ (дар модагов баъди 2-3 моҳи бордор кардан), расондани ёрии ветеринарӣ ҳангоми зоидан ва ғайра.

Табобат кардани касалии узвҳои ҷинсӣ. Ба чорвои модинае, ки майли ҷуфт шуданро надорад ё пеш чандин бор ҷуфт гашта, вале бордор нашудааст, доруҳои махсус (проверин, карбаҳолин, фолликулин, питуитрин, синэстрол, пролан) мефармоянд. Ба бачадони модагов­ҳои бенасл фиристодани 1-1,5 мл нутфа; бо маҳлули гарми (40-430С) глюкозаю сода (глюкоза 15 грамм, сода 3-5 грамм, об 500 мл) шустани маҳбал ва гарданаи бачадон. Ба наринаи чорвое, ки бенасл гардидааст, хӯроки серғизо, тухми мурғ, шир, равғани моҳӣ, майсаи ҷаву гандум, хамиртуруш, сабзии сурх, орди устухон, консентрати витаминҳои А, Е, Д медиҳанд.