Jump to content

Вибриоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вибриоз (Vibriosis), исқоти вибриозӣ — касалии сироятии гов, гӯсфанд ва баъзан бузу хукҳо.

Ангезандааш микроби Vibrio fetus буда, онро олимони англис Ҷ. Мак-Фаден, С. Стоклен (1913) ва Т. Смит (1918) кашф кардаанд. Микроб дар нутфа, аъзои таносул, ҷанинпарда, ҷанин ва дигар бофтаҳои ҳайвони модина ба мушоҳида мерасад. Говҳо бештар ҳангоми бордоркунии сунъӣ, гӯсфандон дар давраи дуюми ҳамл сироят меёбанд. Дар сурати саривақт безарар (дезинфексия) накардани ҷое, ки бача афтодааст, инчунин рехтани оби маҳбал ангезандаҳои вибриоз ба обу хӯрок ворид шуда, ба гӯсфандони дигар низ сироят менамоянд. вибриоз дар гӯсфандон як сол давом мекунад. Гӯсфандони касал дубора ба вибриоз гирифтор намешаванд, бо вуҷуди ин онҳоро ба рама ҳамроҳ кардан хатарнок аст.

Вибриозро бо антибиотикҳо (стрептомитсин, пенитсиллин, битсиллин) ва доруҳои кимиёӣ муолиҷа мекунанд. Молеро, ки баъди 1-2 даври табобат шифо наёфтааст ба гӯшт месупоранд. Бо мақсади пешгирии вибриоз ошкор ва бартараф сохтани манбаи асосии сироят, аз назорати бунгоҳҳои бордоркунии сунъӣ гузарондани буққаҳои наслафзо, бо маҳлули хлор ва оҳакоб гандзудоӣ кардани оғилҳо муҳим аст.