Jump to content

Бенефитсиар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бенефитсиар (инглисӣ: beneficiary) — шахс ё муассисае (масалан муассисаи хайриявӣ ё далеле барои ҳақ доштан), ки аз амале, полиси бимавӣ ё қарордод даромад мегирад; гирандаи даромад аз рӯйи суғурта; шахсе, ки аккредитив ба фоидаи ӯ пешниҳод карда шудааст; гирандаи маблағ аз рӯйи супоришномаи пардохт.

Намудҳои бенафитсиар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бенефитсиар навъҳои зерин дорад:

  • Бенефитсиари аввала
  • Бенефитсиари тавофуқӣ (шартӣ)
  • Бенефитсиари мустақим
  • Бенефитсиари тасодуфӣ

Бенефитсиари аввала аз амвол дар доираи ваколатҳояш ё аз тариқи полиси бимавӣ даромад мегирад. Бенефитсиари тавофуқӣ дар натиҷаи рух додани ҳодисае (чун фавти Бенефитсиари аввала) соҳиби фоида мегардад. Бенефитсиари мустақим шахси сеюм аст, ки ашхоси байни худ мувофиқатномабаста тибқи қарордод даромад муқаррар менамоянд. Бенефитсиари тасодуфӣ тавре манфиатдор мешавад, ки тарафҳои қарордод баста мадди назар надоштанд.

  • Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Душанбе, 1999;
  • Britanica. Настольная энциклопедия. Москва, 2009.