Бензидин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Underlinked


1911 Britannica-Benzidine.png

БЕНЗИДЍН, 4,41–диаменодифенил, як навъ пайвасти органикӣ; филиззоти беранги тобон; дар ҳаво зери таъсири рушноӣ тира мешавад. Ҳарорати гудозишаш 128°С; ҳарорати ҷӯшишаш 401,7°С; дар спирт ва эфир ҳал мегардад. Бензидин бо маҳлули кислотаҳои органикӣ ва ғайри­органикӣ намак ҳосил мекунад (масалан, бо HCl – дихлоргидрат, бо H2SO4 – моносулфат).

Бензидинро аз гидразобензол зери таъсири кислотаҳои қавии минералӣ, дар натиҷаи аз нав гурӯҳбандии бензидинӣ ҳосил мекунанд:

  • Гидразобензол
  • Бензидин

Бензидинро бо ин роҳ аввалин шуда Н. Н. Зинин (1845) ҳо­сил намудааст. Бензидин барои ҳосил кардани рангҳои субстантивӣ (мустақим) истифода мегардад. Масалан, яке аз чунин рангҳо индикатори конгои сурх мебошад. Бензидин дар кимиёи таҳлилӣ барои таҳлили сифатӣ ва миқдории баъзе катионҳо ва анионҳо, масалан, Cr4+Cu2+, Pb4+, NO2- ва ғайра кор фармуда мешавад. Моддаи заҳрнок аст.

Манбаъ[вироиш]