Берлини Бузург
Берлини Бузург (олмонӣ: Groß-Berlin) — истинод ба Берлин бо марзҳои муосираш, ки дар соли 1920 пайдо шуд. Баъдан якчанд тағйироти ҳудудӣ ба амал омаданд, аммо дар умум марзи Берлин аз соли 1920 ҳеч тағйире наёфтааст.
Таърихи пешини васеъкунии шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]1 марти соли 1816 дар музофоти Браденбурги шоҳигарии Пруссия 3 ҳавзаи маъмурӣ ҷудо карда шуданд: Берлин , Потсдам ва Франкфурт. Ҳавзаи маъмурии Берлин дар худ Берлин (бо марзҳои онвақтааш — дар расм), ва ҳамчунин гирду атрофи онро — маҳалҳои Моабит, Веддинг, Луизенбруннен, Боксхаген, Руммелсбург, Штралау, ҳудудҳои форштадтҳои Темпелхов Шёнеберг, ва ҳамчунон Хазенхайде и Тиргартени Бузургро дар бар мегирифт. Баъди шаш сол, дар таърихи 1 январи 1822 аз сабабҳои молиявӣ ҲМ Берлин боз барҳам дода шуд ва ҳудудаш ба ҲМ Потсдам шомил шуд. Ва дар баробари ин худи шаҳри Берлин як шаҳри беруназноҳиявиро дар даруни он ташкил кард. Қаламрави дар шимоли дар Шпрее ҷойгиршуда, — ба ноҳияи Нидербарним, ва қаламрави ҷанубтар аз Шпрее қарордошта — ба Телтов-Шторков дохил шуданд.
Бо рушди саноатикунонӣ рушди босуръати шаҳр оғоз ёфт. Аллакай аз соли 1822 музокирот дар бораи дохилкунӣ ба ҳайати Берлин маҳалҳои наздикҷойгиршудаи Моабит ва Веддинг, ки ба ноҳияи Нидербарним дохил буданд, ва форштадтҳои Шёнеберг ва Темпелхови ноҳияи Телтов, оғоз шуд. Маҷлиси шаҳри Берлин идеяҳои ҳамроҳкунии маҳалҳои камбизоати Веддинг ва Моабитро, ки пур аз аҳолии коргарии фабрикаҳо буданд, дастгирӣ намекард. Аммо бо ҷамъияти бойи Шёрнеберг ва Темпелхов алоқаманд шуданд. Баъди 40 соли баҳсҳо 28 январи 1860 дар ниҳоят тасмим гирифта шуд, ки маҳалҳои болозикргардида ба ҳайати Берлин аз соли оянда ҳамроҳ хоҳанд шуд. Дар соли 1861 ба Берлин ҳамчунон қаламрави маҳаллии Гезундбруннен ҳамроҳ карда шуд.
Дар соли 1875 пешниҳод дар бораи аз музофоти Браденбург (Берлин ба он дохил буд) ҷудо кардани музофоти нави Берлин пешниҳод шуд, ки он бояд аз ш. Берлин, Шарлоттенбург, Шпандау, Кёпеник ва ноҳияҳои Телтову Нидербарним иборат мешуд. Аммо ин пешниҳодҳо қабул нашуданд.
Қонун дар бораи ташкилёбии Берлини Бузург
[вироиш | вироиши манбаъ]Қонун дар бораи васеъсозии марзҳои Берлин (ё «қонун дар бораи Берлини Бузург», олмонӣ: Groß-Berlin-Gesetz 27 апрел ландтаги пруссӣ (164 — «тарафдор», 148 — «муқобил» қабул шуд) ва 1 октябри 1920 ба кор даромад. Тибқи ин қонун ба Берлин шаш шаҳрҳои собиқи беруназноҳиявӣ дохил мешуданд: Берлин-Лихтенберг, Берлин-Шёнеберг, Берлин-Вилмерсдорф (дар соли 1912 шаҳрҳои Лихтенберг, Шёнеберг ва Дойч-Вилмерсдорф, ки ба Берлин часпидагӣ буданд ба Берлин-Лихтенберг, Берлин-Шёнеберг ва Берлин-Вилмерсдорф тағйири ном дода шуданд, гарчанде ки шаҳрҳои мустақил боқӣ монданд), Шарлоттенбург, Нойкёлн ва Шпандау. Ба ғайр аз ин ба ҳудуди Берлин маҳалҳои зиёди ноҳияҳои Нидербарним, Остхафелланд ва Телтов: шаҳри Кёпеник, 59 ҷамоатҳои рустоӣ ва 27 моликиятҳои заминӣ ҳамроҳ шуданд. Ба ғайр аз ин ба Берлин моликияти заминӣ бо Қасри шаҳрии Берлин ҳамроҳ шуд, ки то он замон моликияти шахсӣ буд ва ба ягон воҳиди маъмурӣ дохил набуд.
Ба аҳолии пешинаи 1,9 миллионаи шаҳр то қабули қонун боз 1,2 млн нафар аз 7 шаҳри собиқ илова шуд. Бо чунин тарз масоҳати Берлин аз 66 км² то 878 км² зиёд шуд, ва шаҳр ба 3-юм шаҳр аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон баъди Лондон ва Ню-Йорк табдил ёфт.
Дар Берлини Бузурги навтаъсис 20 ноҳияи шаҳрӣ пайдо шуд. Аз Берлини куҳна ноҳияҳои нав ташкил ёфтанд: Митте, Тиргартен, Веддинг, Прентслауэр-Тор, Халлешес-Тор ва Фридрихсхайн (бо деҳаи Штралау). Аз шаҳрҳои ҳамроҳшуда ва ҷамоатҳои рустоӣ ноҳияҳои Шарлоттенбург, Шпандау, Вилмерсдорф, Шёнеберг, Нойкёлн, Кёпеник, Лихтенберг, Панков, Райниккендорф, Штеглитс, Тселендорф, Темпелхоф, Трептов ва Вайсензе, ки номҳои маҳалҳои калонтарини аҳолинишини худро гирифтанд.