Беша
Зоҳир

Беша — объекти табиие, ки ҳамчун қисми таркибии муҳити табиии атроф аз ҷониби қонун муҳофизат мешавад. Вай ба худ он қисми зиёди дарахту буттазору рустаниҳои дигареро дарбар мегирад, ки онҳо дар заминҳои фонди беша ҷой гирифтаанд ва ба муҳити табиии атроф таъсири банизомдарории иқлим ва солимгардонии онро иҷро мекунад. Беша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат мебошад. Ҳамаи бешаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди бешаи Тоҷикистонро ташкил мекунанд ва вобаста ба реҷаи истифодабарӣ бешазорҳои гурӯҳи якум эълон шудаанд.[1]
Низ нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 553