Беэътибории аҳд
Беэтибории аҳд — дар ҳуқуқшиносӣ бе риоя намудани шакл ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бастани аҳд аст.
Аҳди беэътибор, ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад. Дар сурати беэътибор будани аҳд, агар дар қонун оқибати дигари беэътиборӣ пешбинӣ нагардида бошад, ҳар тараф вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми молу мулки аз рӯйи аҳд гирифтаашро баргардонад.
Беэътибории аҳд намудҳои зерин дорад: хилофиқонун, хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ басташуда, рӯякӣ ва қалбакӣ басташуда, аз тарафи шаҳрванди қобили амал набуда ё ноболиғи то чордаҳсола басташуда, шахси ҳуқуқӣ, ки берун аз қобилияти ҳуқуқдониаш ва ё шаҳрванди қобилияти амалаш аз ҷониби суд маҳдудгардида, ё шаҳрванди барои дарки аҳаммияти амали худ ё идора кардани он қобилиатнадошта ё дар натиҷаи гумроҳӣ, бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин баста шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беэътибории аҳд / Э. Насурдинов, Д. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |