Jump to content

Бибиков, Борис Владимирович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бибиков, Борис Владимирович
Таърихи таваллуд: 9 (22) июл 1900
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 ноябр 1986(1986-11-05) (86 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони театр, омӯзгори театр
Ҷоизаҳо:

Би́биков Борис Владимирович (22 июли 1900, шаҳри Серпухов, Русия — 5 ноябри 1986, Душанбе) — актёр ва педагоги рус, профессор (1951), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶМШС Бошқирдистон (1959), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1965).

Дар студияҳои театрии М. А. Чехов (1919) ва Е. В. Вахтангов (1921) таҳсил кардааст. Фаъолияти актёрии Б. аз Студияи якуми Театри бадеии Маскав (МХТ) оғоз ёфтааст. Нахустин нақшҳои ӯ дар саҳнаи ин театр Курио («12 шаб»-и В. Шекспир, 1922), полковник Булгаков («Дар соли 1825»-и Н. А. Венкстерн, 1925). Минбаъд дар саҳнаи Театри Револютсия (шаҳри Маскав) нақшҳои муҳандис Миглер, Лихомский («Кӯли Люл» ва «Одами портфелдор»-и А. Файко, 1927 ва 1928) ва ғ-ро бо маҳорати калон офаридааст. Чанд муддат дар ҳамин театр ёвари коргардон буд. Аз соли 1934 дар театрҳои Маскав ва ҷумҳуриҳои бародарӣ намоишномаҳо таҳия намудааст. Б. дар санъати коргардонӣ истеъдоди баланд дошт. Дар театрҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 70 намоишнома таҳия намудааст: «Феуэта овехун» ва «На ба худ шавад, на ба кас»-и Лопе де Вега (Театри Револютсия, 1939; Театри драмаи Қазоқистон, 1942), «Истило»-и Л. Леонов (Театри Моссовет, 1943), «Мутеъсозии зани саркаш»-и В. Шекспир (Театри драмаи Қазоқистон, 1943), «Новеллаҳои Маргарита Неварская»- и О. Скриб (Театри Хурд, 1946), «Шоҳ Гавазн»-и К. Готсӣ (1946) ва «Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский (ҳар ду дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ), «Табиби зӯракӣ»-и М. Молйер (Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов) ва ғ. Б. дар филмҳо низ беш аз 20 нақш бозидааст. Нақшҳои беҳтаринаш: профессор («Пагоҳ биёед»), Нойбут («Майор Вихр»), сафир («Шаби ялдо») ва ғ. Солҳои 1934 — 78 дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский ва Институти умумииттифоқии давлатии кинематография дарс додааст. 13 курси миллӣ (беш аз 400 ҳунарпеша) аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва диг. манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла се студияи тоҷикӣ (солҳои 1960, 1971, 1976) аз Б. маҳорати актёрӣ омӯхтаанд. Студияҳои тоҷикиро 60 нафар хатм кардаанд. М. Воҳидов, М. Исоева, Ҳ. Гадоев, Т. Абдушукурова, Н. Ҳасанов, А. Қодиров, Г. Абдуллоева, Р. Қосимова аз ҷумла дастпарварони ҳамин студияҳои тоҷикӣ мебошанд. Аз соли 1978 то охири умр муаллими маҳорати актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1950).