Бибихалифа
Jump to navigation
Jump to search
Бибихалифа, бибиотун — омӯзгори мактабҳои қадимии духтаронаи тоҷик.
Бибихалифаҳо, одатан, занҳои миёнсол ё пир буданд. Онҳо дар ҳавлиҳои худ мактаб кушода, ба духтарон дарс мегуфтанд. Бибихалифаҳо бо омӯзондани Қуръон, Чоркитоб ва инчунин шеърҳои мунтахаби Хоҷа Ҳофиз маҳдуд мешуданд. Онҳо ба тарбиятгирандагони худ, одатан, навиштанро намеомӯхтанд. Аммо дар байнашон занони бомаърифат ва илмдӯст ёфт мешуданд, ки ба духтарон тартиби хондан ва навиштанро омӯхта, онҳоро бо назм шинос мекарданд.
Дар Тоҷикистон бибихалифаҳо дар маросимҳои Арӯсталбон Арӯсбарон иштирок варзида дар сароидани «Саломнома» истифода бурда мешаванд.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Бибихалифа / Р. Ҳошимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |