Бибиҳафиза Маҷидова
Бибиҳафиза Маҷидова | |
Таърихи таваллуд | 10 март 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Ҷоизаҳо | нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010) |
Бибиҳафиза Маҷидова (10.03.1949, деҳаи Шайдони н. Ашт) — олим, доктори илмҳои педагогика (2004), профессор (2008).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1970 факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) ба итмом расонда, дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсилро идома бахшидааст. Минбаъд (1973—1992) дар кафедраи тарбияи томактабии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба сифати ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсент фаъолият намуда, аз соли 1993 мудирии кафедраро ба уҳда доштааст. Мавриди таъсири тарбияи ҷамъиятиии томактабӣ ба тарбияи кории кӯдакони синни томактабӣ дар оила, педагогикаи томактабӣ, кӯдакон ва муҳити зист, дигар масоили марбута қариб шаст таълифоти илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ба хидмат овардааст. Дар конференсия ва семинарҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Душанбе, Москва, Тошкент) бо гузоришу маърӯзаҳо баромад намудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Хидматҳояш бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таъсири тарбияи ҷамъиятии томактабӣ ба тарбияи кории кӯдакони сини томактабӣ дар оила. — Д., 1982;
- Ватанам — ифтихорам. Таълими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастури таълимӣ. — Д., 2004;
- Машғулиятҳои шиносоӣ бо атроф ва инкишофи нутқ дар гурӯҳҳои хурд ва миёна. — Д., 1990;
- Шиносоии кӯдакон бо табиат. — Д., 1992 (ҳаммуаллиф);
- Панди назокат. — Д., 1993;
- Каломи бадеӣ дар кӯдакистон. — Д., 2000;
- Ҳуқуқи кӯдак. — Д., 2008;
- Традиции и обычаи таджикского народа в формировании нравственных качеств Ашхос. — Д., 2004;
- Народные традиции и обычаи как средство формирования нравственных качеств детей в семье: Автореф…доктора пед. наук. — Д., 2004;
- Нишондодҳои методӣ оид ба омӯзиши педагогикаи томактабӣ. — Д., 1990;
- Педагогикаи томактабӣ. — Д., 2012.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 332.
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Докторони улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Занон - олимони асри XXI